Рӯза танҳо хӯрдану нӯшидан нест…
Чун дар арафаи истиқболи ин моҳи муборак қарор дорем, аз Худованди Маннон оҷизона истидҷо менамоем, то моро рӯза доштан ба наҳве, ки мақбул асту сутуда, насиб бигардонад.
Он дил, ки ҳаметарсад аз шуълаи оташ,
Валлоҳ ки ба ҷуз руза м-ар ӯро сипаре нест.
(Ҳ. Ғазнавӣ)
Дуруду салом бод ба ҳотами Паёмбарон, Муҳаммади Мустафо саллалоҳу алайҳи ва салам, ки вуҷуди муборакаш сарчашмаи саодати умматони пайраваш аст. Шукри Худованди азза ва ҷаллаҳуро мегӯем, ки моро ба моҳи Шарифи Рамазон расонид, то ин ки имконияти дигаре барои бозгашт ба сӯи хайру некиҳо дошта бошем ва бо истиқболи ин моҳ ва зиндадории шабҳои он аз баҳри раҳматаш баҳрварад гардем.
Мо дар остонаи оғози як моҳи мубораке қарор дорем, ки Худованди мутаъол ин моҳро дар Қуръони азимушаъни худ сутуда аст ва бузургии ин моҳ бароямон васф намудааст. Чуноне ки дар каломи ҷовидонаи худ мефармояд:
“Эй касоне, ки эмон овардаед, рӯза бар шумо фарз гардонида шуд, ҳамон гуна, ки бар умматони пеш аз шумо фарз гардонида шуда буд, то шумо аз ин роҳ тақво намоед”. (Бақара-183)
Паёмбари акрам саллалоҳу алайҳи ва салам фармудаанд:
“Ба таҳқиқ Худованд рӯза доштани мубораки раманзонро фарз ва зиндадории онро нафл ва татаввӯъ гардонидааст.”
Забуру Таврот ба Рамазон пайвастагӣ доранд?
Ин моҳи чунон пурбаракату файзрез аст, ки каломи Худованди Маннон, ки роҳнамое барои башарият аст дар он нозил гардидааст. Чунон, ки аз ривоёт бар меояд саҳифаҳои ҳазрати Иброҳим алайҳи салом дар таърихи якум ё сеюми рамазон ато шудаанд.
Бар ҳазрати Довуд алайҳи салом дар таърихи даҳум ё дувоздаҳуми ин моҳи мубораки Забур эҳдо шудааст. Ба ҳазрати Мӯсо алайҳи салом дар таърихи шашуми ин моҳ таврот дода шудааст ва бар ҳазрати Исо алайҳи салом дар таърихи дувоздаҳуми ё сенздаҳуми ин моҳи муборак Инҷил ато шудааст. Бар ҳамагон равшан аст, ки Қуръони Маҷид аз Лавхул Маҳфуз дар шаби қадри ин моҳи муаззам ба осмони дунё ва аз он ҷо тадриҷан ба он Ҳазрат саллалоҳу алайҳи ва салам нозил шудааст. Ҳаммаи ин аз он дарак медиҳад, ки ин моҳ ба каломи Худо робитаи ногусастанӣ доштанд.
Чаро орзуи Рамазони доимӣ вуҷуд дошт?
Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разияллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар саллалоҳу алайҳи ва салам фармудаанд: Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол рамазон бошад, зеро тоати он мақбул, дуои он мустаҷоб ва гуноҳон мағфур (бахшида шавад). (ривояти Абудовуд, Бухоро ва Муслим).
Пас ҳар шахси соҳибхирад бояд ин моҳро бо хушнуди пешвоз гирифта, рӯзу шабҳои онро ғанимат шуморад ва бо тавбаи содиқ ба сӯи Парвардигори хеш бозгардад, то соҳиби аҷри бузург гардад. Чуноне, ки аз мазмуни аҳодиси гуҳарбори Набави бармеояд, ҳар амали хайр дар ин моҳи муборак чандин маротиба зиёд дар номаҳои аъмол сабт мегардад ва ҳар амали нофилае, ки ба амал меояд баробари фарз маҳсуб мегардад ва ҳар амали фарзие, ки ҷой оварда мешавад, баробар бо иҷрои ҳафтод фарз аст.
Садақаи фитрро чӣ интизор аст?
Яке аз воҷиботи ин моҳ пардохти садақаи фитр аст, ки бо пардохти он соҳиби аҷри бузург мегарданд. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос разиаллоҳу анҳумо ривоят аст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам фармудаанд:
“Ҳар касе, ки садақаи фитрашро адо кард, Аллоҳ Таъоло ба он банда даҳ чиз ато менамояд. Авваал, ҷасади он бандаро пок мегардонад. Дуввум, ӯро аз оташи дӯзах озод мегардонад. Сеюм, рӯзаашро қабул менамояд. Чорум, биҳашатро бар он банда воҷиб мегардонад. Панҷум, он банда аз гӯр эмин бар мехезад. Шашум, дар он сол ҳар чизе, ки хайр кунад мақбул мешавад. Ҳафтум, Аллоҳ Таъоло шафоатро дар ҳаққи он банда воҷиб мегардонад. Ҳаштум, ӯро аз пули Сирот чун барқ мегузаронад. Нуҳум, тарозуи аъмоли неки ӯро вазнин месозад. Даҳум, номи он бандаро аз девон (дафтар)-и бадбахтон (дӯзахиён) маҳв мегардонад.”
Нахӯрдану нанӯшидан рӯзадорист?
Ривояти ибни Моҷа ва Абудовуд (Разиаллоҳу Анҳумо) ин худ шарафи бузургест, ки бо шарофати моҳи мубораки рамазон як амали кӯчак, яъне пардохти садақаи фитр, ки маблағи қариб ба ҳамагон дастрас аст, ин қадар подоши бе ҳадду канор ва лутфу навозиши Парвардигорро ба бар меорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки рӯза доштан, танҳо иборат аз тарки хӯрдану нӯшидан ва дигар хостаҳои нафсонӣ набуда, балки бояд рӯзадор дар баробари ҳама хуштандорӣ бояд тарки амалҳои зишт, дилозорӣ ва суханҳои дурӯғу беҳуда намояд.
Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар Саллалоҳу алайҳи ва салам фармудаанд: “ Рӯзи танҳо худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан иборат нест, балки худдорӣ аз лағву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогӯӣ низ шомил мебошад. Бинобар ин, касе туро дар вақти рӯза дашном диҳад ва ё бар ту ҷаҳл намояд бигӯ: «Ман рӯзадорам» (ривояти ибни Ҳиббон).
Оё мо босаберм?
Ин ҳамон таълимоти волоест, ки инсонро ба сӯи ахлоқи накӯ роҳнамоӣ менамояд ва амал ба ин роҳнамуд танҳо барои ононе муяссар мегардад, ки имонҳои комил доранд ва метавонанд худ ва забони худро аз ғайбату беҳудагӣ нигаҳ доранд. Аз ин мушкилтар ин аст, ки касе бар ту дашном диҳад ва ё ситеза намояд, сабр намоӣ. Имрӯз мо он қадар аз ин таълимоти пурфайз барканор мондем, ки агар чӣ борҳо ин ҳадиси набавиро мешунавем, вале агар гоҳе бо ин ҳолат дучор шавем гумон аст, ба он амал намоем. Ҳар фард дар бораи он биандешад, ки вақте ба мушкилот сабр менамояд, ҳатман дар ҷойҳои тангу ҳавлноке, чун қабру қиёмат подоши он сабри худро хоҳад гирифт, амал кардан ба ин ҳадис барояш осон мегардад.
Инчунин, аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салам фармудаанд:
Касе, ки дурӯғ гуфтан ва амал кардан ба дурӯғро тарк нагӯяд, барои Худованди Мутаол ҳоҷат нест, ки чунин шахсе хӯрду нӯши худро тарк намояд. (ривояти Имом Бухорӣ).
Пас аз Худо бояд оҷизона талаб намоем, ки моро ба ҳоли худамон нагузорад ва мадад намояд, то аъмоли нописандро аз худ дур кунем ва амалҳои шоистаеро, ки мӯъҷиби ризои Худованд аст, касб намоем, зеро яке аз нишонаҳои ризои Парвардигори пок, муваффақ гардонидани банда аст, бар амалҳои солеҳ. Паёмбар саллалоҳу алайҳи васаллам фармудаанд:
Аз Худованде, ки парвардигоратон аст битарсед, 5 вақт намозатонро бигзоред, моҳи Рамазонатонро рӯза доред. Закоти молҳоятонро адо намоед. Сарваронатонро итоат намоед, дохили биҳишти Парвардигоратон мешавед.
Дуо кунед, ки…
Чун дар арафаи истиқболи ин моҳи муборак қарор дорем, аз Худованди Маннон оҷизона истидҷо менамоем, то моро рӯза доштан ба наҳве, ки мақбул асту сутуда, насиб бигардонад. Бароямон қуввати бар тоат аз парҳез аз маъсият ато намояд ва бурдборию таҳаммулпазириро насиб фармуда, тоати пурнуқси моро ба даргоҳи бениёзаш қабул фармояду растаъкорӣ насибамон гардонад. Рамазон барои якоякамон муборак бод!
Рамазон омаду оҳиста садо кард моро,
Мустаидди сафори шаҳри Худо кард моро.
Аз гулистони карам турфа насиме бивазид,
Ки сару пой нур аз атру сафо кард моро.
Ҳар сари мӯям агар шукр кунад то ба абад.
Кам бувад з-ин ҳама файзе, ки ато кард моро.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ,
устоди ДИТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ