Бозгашти 84 кӯдак ба Тоҷикистон

84 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки ба далоили мухталиф дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд, аз тариқи хатти сайри мустақим аз Бағдод ба Душанбе мунтақил шуданд.

84 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки ба далоили мухталиф дар Сурия ва Ироқ қарор доштанд, аз тариқи хатти сайри мустақим аз Бағдод ба Душанбе мунтақил шуданд.

Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии  Тоҷикистон хабар додааст.

Дар изҳороти Вазоарти корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст: “Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳарчи зудтар ба Ватан баргардонидани ҳамаи кудакон ва ноболиғон – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамроҳ бо волидон ва оилаҳои гумроҳшудаи худ ҷиҳати пайвастан ба сафи ДИИШ ва дигар нерӯҳои террористию экстремистӣ вориди сарзамини Ироқ шудаанд, мавриди пайгирии  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад”.

Ин манбаъ гуфтааст, дар маҳбасу боздоштгоҳҳо ва марказҳои нигаҳдории ноболиғон дар Ироқ 43 зан ва 95 ноболиғи шаҳрванди Тоҷикистон вуҷуд дошта ва дар рӯзҳои наздик ҳамаи ноболиғон ба Ватан бозгардонда мешавад.

Беш аз 1900 шаҳрванди Тоҷикистон ба ин ду кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна барои пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав сафар кардаанд. Ҳоло ба ҷуз, аз занону кӯдакон ва теъдоде аз мардони боздоштшуда сарнавишти аксари шаҳрвандони Тоҷикистон маълум нест.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.