Ветеранҳои тоҷик дар паради Русия ширкат мекунанд

Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳанд кард.

Се собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар паради низомӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳанд кард.

Валӣ Сайёрабеков, муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон рӯзи 1 май ба Tajikistan times гуфт, ки Раҳимбой Раҳматов ва Абдуҳаким Абдусаминов аз вилояти Суғд ва Тоштемир Маҳмудов аз шаҳри Душанбе дар ин парад ширкат мекунанд.

Дар назар аст, собиқадорони ҷанг рӯзи 7 май озими Русия шаванд.

Зимнан, тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  Тоҷикистон феълан дар кишвар 241 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба сар мебаранд.

Дар моҳи гузашта ду нафар собиқадори ҷанг-Ҳарим Нурови 94-сола  аз шаҳри Бохтар ва Тағай Мирзоеви 93-сола аз ноҳияи Фархор аз дунё чашм пӯшиданд.

“Ҷавонтарин” собиқадори ҷанг 93-сола ва бузургсолтарин собиқадор 100 аст.

Дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор марду зани Тоҷикистон ширкат карда ва 93 ҳаззор нафар ҳалок шуданд.

54 сокини Тоҷикистон барои корномаҳои бузурги ҷангӣ ба унвони олиии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ сазовор шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *