Рӯзи сиёҳи муҳоҷирон дар Сахаров

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, посбонҳои боздоштгоҳи муҳоҷирон дар Сахарово барои расондани ғизову либос ба боздоштшудаҳо то 5 ҳазор рубл «ҳақ” талаб мекунанд. Як билети парвоз ба Тоҷикистонро, ки дар шаҳр ҳамагӣ аз 11 то 15 ҳазор рубл аст, дар инҷо ба боздоштшудаҳо маҷбуран бо нархи то 33 ҳазор рубл мефурӯшанд.

Муҳаммад, як муҳоҷири тоҷик, ки дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекунад, рӯзи 29 август ба хабарнигорон гуфт, маъмурияти боздоштгоҳи муҳоҷирон дар минтақаи Сахарово дар канори пойтахти Русия ин боздоштгоҳро ба «як конслагер” табдил додаанд ва муҳоҷирони боздоштшуда дар ин ҷо дар як шароити ғуломӣ қарор доранд.

Муҳаммад аз мақомоти масъули Тоҷикистон даъват кард, ки ба ҳоли даҳҳо муҳоҷири тоҷики дар Сахарово дармонда расидагӣ кунанд ва онҳоро аз ин азобу уқубат ва «ҳақ”-ситониҳои раҳзанона халос кунанд.

Муҳаммад, ки як хешованди наздикаш 4 ҳафта боз дар ин боздоштгоҳ мунтазири ихроҷ ба Тоҷикистон аст, гуфт: «Ҳатто хӯрок ё либос барои муҳоҷирони боздоштшударо, агар то 5 ҳазор рубл надиҳӣ, ба он бечора намерасонанд. Туф кардаанд ба ҳама қонуну муқарароту ҳуқуқи инсон. Ҳатто як собун ё дандоншӯяк, ё ҳатто як сачоқро бепул бурда намерасонанд. Як конслагер шудааст ин боздоштгоҳи Сахарово. Хуни бачаҳои тоҷикро дар инҷо мемаканд.”

Манбаи дигари даромади бедардимиёни маъмурони боздоштгоҳи Сахарово, ба гуфтаи Муҳаммад ва бисёре дигар аз наздикони муҳоҷирони боздоштшуда пули билети парвози ихроҷшудаҳо ба Тоҷикистон будааст. Муҳаммад мегӯяд: «Ин хеши ман 27 рӯз боз дар онҷост ва чунон ба ҷон омадааст, ки илтиҷо дорад, то барояш 33 ҳазор рубл ҷамъ кунем. Ин нархи билетест, ки муҳоҷирони боздоштшуда метавонанд аз боздоштгоҳи Сахарово билет харанд ва сипас онҳоро бо конвой ба фурудгоҳ бурда, ба Тоҷикистон бифиристанд.”

Муҳоҷирони боздоштшуда мегӯянд, ки аз шароити тоқатфарсо дар ин боздоштгоҳ мардум чунон ба ҷон меояд, ки омода аст, ба ҳар қимате ки бошад, инҷоро ҳарчӣ зудтар тарк кунанд. Маъмурияти боздоштгоҳ аз ин вазъи тоқатфарсое, ки зоҳиран махсус сохта шудааст, сӯиистифода мекунад ва муҳоҷиронро маҷбур мекунад, то фақат ва фақат аз як ширкати миёнараве, ки билети ҳавопаймо ба Тоҷикистонро аз 28 ҳазор то 33 ҳазор нарх мондааст, билет бихаранд. Билете, ки хешовандони муҳоҷири боздоштшуда аз берун бихаранд, дар инҷо қабул намекунанд.

Муҳаммад мегӯяд, ин як тиҷорати хеле равғанин барои маъмурони ин боздоштгоҳ шудааст, чунки нархи билет дар кӯча аз 11 ҳазор ва ҳадди аксар то 15 ҳазор рубл аст: «Аммо инҳо шарт мемонанд, ки билетро фақат аз ширкате ки мо мегӯем, бояд бихаред. Бо нархи ду- дувуним баробар қиматтар аз нархи дигар ширкатҳо! Маълум аст, ки фоидаашро байни худ тақсим мекунанд.”

Масъалаи «ҳақ”-ситонӣ аз муҳоҷирони боздоштшуда ва наздикони онҳо дар боздоштгоҳи Сахарово таваҷҷӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи Русияро низ ба худ ҷалб кардааст.

ОНК – Общественная наблюдательная комиссия – ахиран ин масъаларо бо ваколатдори ҳуқуқи инсони шаҳри Маскав Татяна Потяева ва додситонии пойтахти Русия дар миён гузошт. Пулиси шаҳри Маскав, ки боздоштгоҳи Сахарово зери назари ин ниҳод аст, ваъда додааст, ки ба шикоятҳо расидагӣ хоҳад кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ аз ОНК низ дар гузориши худ зикр кардааст, ки зиндонбонҳои Сахарово барои ба боздоштшудаҳо расондани либос ва ҳатто барои иҷозати аёдат аз боздоштшудаҳо пул талаб мекунанд. Дар ин гузориш масъалаи маҷбур ба нархи то 4 баробар қиматтар ба муҳоҷирони ихроҷшуда фурӯхтани билетҳои ҳавопаймо таъкид шудааст.

Ҳуқуқшинос Валентина Чупик мегӯяд: «Дар маркази Сахаров корро чунин ба роҳ мондаанд, ки агар муҳоҷири боздоштшуда пул надошта бошад, ӯро метавонанд дар инҷо моҳҳову солҳо нигоҳ бидоранд. Вале ин муҳоҷир ҳатто агар пул биёбад, боз ҳам маҷбур аст, ки билетро аз як миёнарав бо нархи чанд баробар қиматтар бихарад. Мо намунае дорем, ки як билетро 31 600 рубл фурӯтаанд. Ҳол онки дар дигар ширкатҳо нархаш 8600 рубл буд. Пули билет ба ҳисоби банкии кадом як Яна Геннадьевна гузаронда мешаванд. Худи муҳоҷири мунтазири ихроҷ ё наздиконаш ҳаққи мустақилона харидани билетро надоранд. Билети онҳоро дар ин ҷо қабул намекунанд ва мегӯянд, бояд фақат аз миёнарави мо билет бихаред.”

Муҳоҷирони боздоштшуда дар Сахарово ба ҳомиёни ҳуқуқ ҳамчунин шикоят кардаанд, ки касе аз маъмурият ба шикоятҳои онҳо дар бораи шароити инҷо аҳамият намедиҳад. Ҳар дафъае, ки шикоят шавад, нозири масъули боздоштгоҳи Сахарово ҳозир шуда, ба ҷои расидагӣ муҳоҷиронро таҳдид мекунад, ки як умр шуморо дар ин чордевор мепӯсонем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *