Раҳим Ҷалил чӣ тавр аз иншо баҳои 2 гирифт?

Намедонам то чӣ андоза ин қисса дуруст бошад, аммо бисёр мехоҳам онро барои хонандагон бинависам. Шояд аз ҷумлаи адибони калонсоламон касоне бошанд, ки онро шунидаанд.

Устод Раҳим Ҷалилро ба мукофоте пешниҳод менамоянд, аммо аз ҳукумат ба ин далел, ки ин шахс таҳсилоти олӣ надорад, ҳуҷҷатҳояшро пас мегардонанд. Устод Турсунзода ба ӯ маслиҳат медиҳад, ки ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи Ленинобод дохил шавад. Раҳим Ҷалил роҳбарияти донишкадаро огоҳ накарда, ҳуҷҷат месупорад ва ба имтиҳони аввал — иншо ҳозир мешавад. Имтиҳонро муаллими ҷавоне мегирад, ки боре ҳам устодро надида будааст. Мавзӯи иншо «Романи «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Раҳим Ҷалил» будааст. Устод аз рӯи одат, иншоро ба хати форсӣ навишта, баъд зӯр зада, ба хати кириллӣ тозанавис мекунад, аммо вақт ба охир мерасаду баргардон нотамом мемонад. Муаллим ба Раҳим Ҷалил мегӯяд:

— Ҳӯ, марди сиёҳак, иншоро супор, вақт тамом!

Раҳим Ҷалил ноилоҷ коғазҳояшро ба муаллим месупораду меравад. Ду рӯз пас барои фаҳмидани натиҷаи имтиҳон ба донишкада омада, мебинад, ки дар лавҳа чунин навиштаанд: «Ҷалилов Раҳим — 2».

Устод маъюс шуда, ба хона бармегардад, ки устод Турсунзода занг мезанад ва натиҷаи имтиҳонро мепурсад. Раҳим Ҷалил мегӯяд, ки баҳои 2 гирифта, аз имтиҳон афтодааст. Устод Турсунзода, вақте мефаҳмад, ки мавзӯи иншо романи худи ӯ будааст, аз ҳайрат чӣ гуфтанашро надониста, ба ректори донишкада занг зада, вазъиятро мефаҳмонад.

Ректор ҳеҷ бовар накардааст, ки Раҳим Ҷалил барин нависандаи машҳур ӯро огоҳ нанамуда, ба донишгоҳ ҳуҷҷат супорида бошаду ноомади корро бинед, боз баҳои ду гирифтааст ва он ҳам аз романи худаш!

Дарзамон муаллими имтиҳонгирро даъват карда, мепурсад, ки чаро ба Раҳим Ҷалил баҳои 2 гузоштааст. Муаллим мегӯяд, ки наход Раҳим Ҷалил барин нависандаи муътабар абитуриент шавад? Вале як мардаки сиёҳаки назарногир бо номи Ҷалилов Раҳим буд, ки аз уҳдаи навиштани иншо набаромада, онро бо хати баду номукаммал ба дастам супорид. Ман ҳам ба ӯ 2 гузоштам!

Вақте муаллим мефаҳмад, ки ӯ аз худи Раҳим Ҷалил дар мавзӯи романи машҳури ӯ иншо гирифта, барояш баҳои бад гузоштааст, аз тарс қариб дилкаф мешавад.

Рӯзи дигар ректор ба назди устод рафта, узрхоҳии бисёр мекунад ва имтиҳон супоридани вайро таҳти назорати худаш мегирад.

Ато МИРХОҶА, адиб

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *