илму техника

Олимҷон ва Таҳмина чӣ гуна дар фазои маҷозӣ забон меомӯзонанд?

Пешрафти илму техника имконияту шароитҳои хуберо ба вуҷуд меорад. Бо доштани саводи расонаӣ ва дуруст истифода бурдан аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавон ҳам омӯхт ва ҳам машҳур шуд. Қаҳрамонони имрӯзаи мо оилаи ҷавон — Олимҷон ва Таҳмина мебошанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ забони англисӣ меомӯзонанд. Саҳифаи онҳо дар Instagram, ки “JSENG” ном дорад, беш аз 55 ҳазор обуначӣ дошта, бо наворҳои шавқовар ҳазорҳо нафарро ба худ ҷалб намудааст.

Аз шавқи наврасӣ то зиддияти падар

Олимҷон аз давраи мактабхонӣ ба омӯзиши забони англисӣ ҷиддан машғул мешавад. Сабабаш он буд, ки ӯ мехост ба сурудаҳои репсарои амрикоие сарфаҳм равад, ки мухлиси ӯ буд ва ҳамеша сурудҳои ӯро такрор мекард. “Вақте ки бозиҳои компютерӣ мекардам, ҳама навиштаҷот бо забони англисӣ буданд. Мехостам донам, ки онҳо чӣ маъно доранд. Онҳоро аз худ мекардаму тарҷумаашро мекофтам”,- чунин нақл кард Олимҷон аз оғози забономӯзии худ.

Баръакси Олимҷон, ҳамсари ӯ Таҳмина мехост табиб шавад ва ба фанҳои химияву биология шавқи зиёд дошту дар баробари онҳо аз 14-солагӣ забони англисиро низ меомӯхт. Вале падараш розӣ нашуд, ки духтараш ба соҳаи тиб равад. Барои Таҳмина касбе, ки мебоист бо табибӣ иваз кунаду ояндаи хуберо дар он бинад, ин омӯзиши забонҳои хориҷӣ буд. Ӯ риштаи забоншинос ва тарҷумони забонҳои русӣ-анлисии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Олимҷон бошад, хатмкардаи риштаи забоншинос-тарҷумони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Спикинг-клаб ё шиносоии нахустин

Дар омӯзиши забони англисӣ яке аз роҳҳои беҳтар намудани нутқи забономӯз ин спикинг-клаб аст. Дар он ду нафар рӯ ба рӯ менишинанд ва бо забони англисӣ дар бораи худ маълумот медиҳанд. Олимҷон ва Таҳмина низ дар чунин як спикинг-клабе, ки Таҳмина дар Донишгоҳи славянӣ доир намуда буд, бо ҳам шинос шуданд. Ин шиносоӣ ба дӯстӣ табдил ёфту баъди чанде онҳо бо ҳам издивоҷ карданд.

Дар ҷустуҷӯи кор ва номи саҳифа

Ин ҷуфт дар чанд маркази забономӯзӣ ҳамчун омӯзгори забони англисӣ кор мекарданд. Соли гузашта дар давраи пандемияи коронавирус кори онҳо қатъ шуд. “Дар давраи пандемияи коронавирус вақте ки фаъолиятҳо маҳдуд шуд, мо бекор мондем. Он замон, ки ҳамавақт бо забони англисӣ гап мезадем, фикри таъсиси саҳифаи махсуси омӯзишӣ ба сарамон омад. Аввал дар YouTube, баъдан дар Instagram низ саҳифаи худро кушодем ва онро JSENG ном гузоштем. Вақте тасмими таъсиси саҳифаи омӯзиширо гирифтем, фикр кардем, ки чӣ ном гузорем. Фикр кардаму гуфтам “биё аз аввали ҳарфи насаби худамон ягон номи ғайриоддӣ созем”. Баъдан бо ҳарфи “J” — Juraev насаби Олимҷон, “S” — Saidova — насаби ман ва “ENG” – English, яъне англисӣ ном сохтем ва ин ба Олимҷон низ писанд омад”,‑ нақл кард Таҳмина.

Дарсҳои маҷозӣ

Чуноне ки қаҳрамонони мо нақл карданд, назар ба дарсҳои ҳузурӣ дарсҳои онлайнӣ осонтар аст. Таҳмина мегӯяд, ки “рӯ ба рӯ дарс додан мушкил аст. Бояд бо ҳар як хонанда мувофиқи психологияаш муомила кард. Дарсҳои онлайниро бошад, дар дилхоҳ вақт, дар хона нишаставу як қаҳва омода карда, навор гирифтаву танзим карда, пахш мекунем”. Олимҷон низ ба ин гуфтаҳо ҳамроҳ шуда, илова намуд: “Барои ҳузурӣ дарс гузаштан ҳар рӯз вақти муайян аз хоб хестан, роҳкиро кардан, ба ҷойи муайяншуда омадан, дер кардан, интизор шудан, дар гуруҳе, ки 10-12 нафар аст, дарс додан, боз баргаштан лозим аст, ки вақти зиёд дар роҳу интизор буданҳо сарф мегардад. Ҳамзамон, аз шакли онлайнӣ нафароне, ки дар Русия ё дигар давлатҳо ҳастанд, метавонанд истифода баранд”.

“Корҳоро мо тақсим намудаем. Наворҳоро якҷоя мегирем, Олимҷон ҳар рӯз маводҳоро паҳн мекунад. Ман бошам, ба паёмакҳои алоҳида ҷавоб медиҳам”,- мегӯяд Таҳмина аз фаъолияти ҳаррӯзаи худ.

Олимҷон дар бораи он, ки чӣ гуна бо натиҷаи фаъолияти худ шинос мешаванд, чунин гуфт: “Барои он ки бо натиҷаи кори худ шинос шавем, баъд аз ҳар боби китобе, ки мо аз рӯяш дарсҳоро омода мекунем, саволнома омода карда, пешкаш мекунем. Ин фақат саволномаи грамматикӣ аст. Ба ғайр аз ин саволномаҳо спикинг ва аудиоӣ низ омода мекунем. Аз ин мо мефаҳмем, ки забономӯз то чӣ андоза донишҳои забонӣ дораду то чӣ андоза пешрафт кардааст”.

Дар Душанбе лаззат мебарем

Онҳое бештар забон меомӯзанд, ки орзӯи дар хориҷа кору фаъолият кардан доранд. Вале ин ҷуфт дар баробари он, ки панҷ забони хориҷиро медонанд, ба хориҷа рафтан намехоҳанд. Таҳмина мегӯяд, ки “барои мо ба хориҷа рафтан ягон мушкилӣ надорад. Вале айни замон аз будани худ дар Душанбе ҳаловати хуб дорем. Дар ҷомеа низ мешиносанд. Падару модар низ ҳаминҷоянд. Агар нияти ба хориҷа рафтан бошад…” ва ба суханони ӯ Олимҷон афзуд, ки “… агар нияти ба хориҷа рафтан бошад, танҳо барои такмили ихтисос ба ягон давлати Аврупо ва ё Амрико, ё барои саёҳат ба муддати муайяне. Вале муқимӣ шудан дар ягон кишвари дунёро намехоҳем, барои он ки донишу таҷрибаеро, ки омӯхтаем, мехоҳем барои Ватани худамон истифода барему дар ҳаминҷо монад”.

Олимҷон ва Таҳмина тибқи гранти EWB (English Without Borders) — “Англисӣ бидуни сарҳадҳо”-и Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки барои блогерони забономӯз таъсис додаанд, наворҳои хурд-хурд омода мекунанду пешкаши забономӯзон мегардонанд.

Маслиҳат ба забономӯзон

Барои онҳое, ки мехоҳанд забони англисиро омӯзанд, қаҳрамонони мо маслиҳат медиҳанд, ки аввалан дар назди худ мақсад гузоранд.

“Ду калима аз ҷое омӯхтан, як китоб хондан, панҷ ибора омӯхтан натиҷа намедиҳад. Ҳозир барномаҳои омӯзишии хуб бисёранд. Аз рӯи ҳамон барномаҳо омӯхтан ба ҳадаф наздик месозад”,- мегӯяд Таҳмина.

“Онҳое, ки худомӯзишӣ кардан мехоҳанд, бояд аз рӯи барномаи муайян ва бетаърих идома диҳанд, вале хубтар аст, ки ба ягон маркази омӯзишӣ раванд”,- афзуд Олимҷон.

Олимҷон ва Таҳмина нақша доранд, ки бо оғози соли нав рубрикаҳои махсус таъсис ва ба кори худ давом диҳанд.

Олимҷон ва Таҳмина 23 сол доранд. Чанде пеш соҳиби духтараке шуданд ва ӯро Танзила ном ниҳоданд. Олимҷон ва Таҳмина ба ғайр аз забони тоҷикӣ забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ӯзбекӣ ва ҷопониро низ медонанд ва мақсадашон боз ҳам босаводу забондон кардани мардуми тоҷик аст.

Идибеки САИД

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *