Раҳимзода бо Мираҳмадӣ дар Душанбе мулоқот кард
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии исломии Эрон, генерал-майор Сайид Маҷид Мираҳмадӣ вохӯрӣ баргузор намуд.
Маҷид Мираҳмадӣ дар ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои қаблан миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзорасида ба Душанбе ташриф овардааст.
Гуфта мешавад, ки 20 июн дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардидааст, ки сол аз сол ҳамкориҳои дуҷонибаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси созишномаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба рушду такомул ёфта, ин ҳамкориҳои судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Ҳамзамон, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои якҷояро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва мубодилаи иттилот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо аз вусъат ёфтани ҳамкориҳои манфиатбахш изҳори хушнудӣ намудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ