Раҷаббой Аҳмадзода: Месозем, обод мекунем, пеш меравем! (Видео)

Дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оё мавриди иљроиш қарор мегиранд? Ба саволҳои «Тоҷикистон» дар ин мавзӯъ ва дастоварду имконоти вилоят раиси он Раҷаббой Аҳмадзода посух медиҳад.

— Дар суханрониҳои шумо шиори “Месозем, обод мекунем, пеш меравем!” қотеъона садо медиҳад. Ин қотеъият аз куҷо сарчашма мегирад?

— Албатта, манбаи илҳоми мо дастгирӣ, раҳнамоӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сазовори ин эътимод гаштан барои ман бузургтарин мукофот аст. Заҳматҳо, талошҳо ва ғамхориҳои он касро нисбати миллат ва пешравии давлат   сокинони соҳибнанги вилояти Суғд хуб дарк мекунанд ва кӯшиш менамоянд, ки дар ҷодаи худ  пешоҳанг бошанд.

— Саноат локомативест, ки тамоми соҳаҳои дигарро пеш мебарад, тараққӣ медиҳад. Ин масъаларо Пешвои миллат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид ва дастурҳои мушаххас додаанд.  Иҷрои ин дастурҳо дар кадом поя қарор доранд?

— Ин масъалаест, ки ба он дар маҷлисҳои Ҳукумат, суҳбатҳои алоҳида, ҳангоми сафарҳо ба вилоят Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд. Вилоят саноатро, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мебошад, асоси пешравӣ медонад. Аз ин ҷост, ки ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатиамон ҳадаф гузоштаем, ки 300 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 9 ҳазор ҷойи корӣ ба истифода диҳем.  Айни замон дар вилоят 645 корхонаҳои саноатӣ  мавҷуд буда, давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи умумии 7,8 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст. Аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси раис Ассотсиатсияи саноатчиёни вилоятро таъсис додед. Ҳадаф аз он

Ассотсиатсия метавонад, ки муаммоҳои ҷойдоштаи корхонаҳоро дар дохили худ ҳал намояд. Роҳбари он соҳибкори соҳибтаҷриба, роҳбари  корхонаи “Органик Ян” Давронҷон Ахмедов аст.  Ӯ ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаи ғанӣ дар соҳаи саноатро дорад, бо Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ барои ба фурӯш баровардани ресмон ва матоъҳои пахтагин ҳамкориро ба роҳ мондааст. Аллакай Ассотсиатсия ба як маркази ҳамоҳангсозӣ, табодули назар миёни саноатчиёни вилоят, ташаббускори бунёди корхонаҳо, ҷойҳои кории нав мубаддал гаштааст.

-Чанде пеш бо иштироки Президенти кишвар дар МОИ “Суғд” корхонаи  “Хантана Канада” ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона чӣ имконият дорад?

-Бале, ин корхона дар МОИ “Суғд” ҷойгир аст, самти фаъолияташ коркард ва содироти асал ба хориҷ мебошад. Он имкон дорад, ки дар як моҳ то 200 тонна асалро коркард намояд.

-“Хуҷанд-агро” чӣ?

-“Хуҷанд-агро” ба коркарди меваю сабзавот, аз ҷумла лимон, карам, лаблабуи сурх машғул аст. Ин корхона бозори худро дорад. Дар оянда  ният дорем, ки намояндагии корхонаро дар минтақаҳои Хатлон ва Зарафшон кушоем. Мақсад васеъ намудани бозори корхона аст, зеро дар ин минтақаҳо мева фаровон аст ва баъзан талаф меёбад.

— Ҳамчун маҳсулоти хом содир гаштани пахта боиси нигаронӣ аст. Ин нуктаро Президенти кишвар дар суханрониҳояшон борҳо таъкид кардаанд.  Суғд аз нигоҳи кишти пахта дар ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.  Вазъ дар ин самт чӣ гуна аст?

-Дар се соли охир коркарди нахи пахта дар вилоят 2,5 маротиба зиёд гардид. Ҳоло талош дорем, ки дар дохили кишвар коркарди пурраи онро ба роҳ монем.

Мутаассифона, корхонаҳое буданд, ки бист соли охир аз фаъолият боз монда буданд. Корхонаи “Сано” аз ин ҷумла аст. Ҳоло  он “Суғдиён” ном гирифтааст, фаъолият, технология ва таҷҳизоташ таҷдид гардид. Ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи дохилӣ таҷҳизот ворид ва насб шуд. Бо масъулият гуфта метавонам, ки  ин корхона, ки дорои 200 ҷои корист ва тибқи шартнома маҳсулоташ  ба Аврупо содир мешавад, аз нав эҳё гардид. 

Инчунин, корхонаи “Кобул текстайл” (ҳоло“Суғд текстайл”), ки замоне гоҳ кор мекард, гоҳ не, бо ворид намудани таҷҳизоти муосир аз ҳисоби сармояи дохилӣ ба  фаъолияти оғоз кард. Имрӯз беш аз 300 нафар занони вилоят дар ин корхона  кор мекунанд.

Фаъолияти корхонаи “Ангубин” ҳам  назаррас аст. Қаблан ин корхона “Олим Текстайл” ном дошт,  муфлис шуда буд.  Корхонаро соҳибмулки нав бо номи ҶДММ “Ангубин” ба кор даровард. Хурсандии коргарон ва мутахассисон, ки якуним сол аз кор маҳрум буданд, ҳадду канор надорад. Барқарор кардани корхонаҳои коркарди пахта дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аҳамияти калон дорад ва бояд минбаъд бетанаффус кор кунад.   

Дар маҷмӯъ, мақсади асосии мо потенсиали вилоятро истифода карда, коркарди нахи пахтаро дар 5 соли баъдӣ пурра роҳандозӣ кардан аст.

-Дар Суғд корхонаҳои гӯшту шир ҳам зиёданд. “Файзи Расул”, “Азизӣ”, “Афзали Суғд” кайҳост, ки на танҳо бренди ҷумҳурӣ, балки маҳбубият дар хориҷ доранд.  Фаъолияти ин  корхонаҳоро чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Бале, корхонаҳои номбурда фаъолияти чашмрас доранд. Бозорашон фаррох, маҳсулоташон табиӣ ва бозоргир аст. Ҳоло сафи корхонаҳои коркарди гӯшту шир дар вилоят майли афзоиш доранд. Чанде пеш аз Россия беш аз 100 гови хушзоти ширдеҳи сиёҳалоро ворид кардем. Талош дорем, ки хушзоткунии  чорвои калонро ҳам афзун намуда, ба ин васила, мардуми Тоҷикистонро бо маҳсулоти табиӣ таъмин намоем.

— Ҳарчанд солҳои охир таваҷҷуҳ ба корхонаҳои мурғпарварӣ дар ҷумҳурӣ бештар аст, аммо то ҳол  аз хориҷ ба кишвар гӯшти мурғ ворид мешавад. Чаро? Вилояти Суғд дар ин самт чӣ кор мекунад?

-Тибқи маълумоти гумрук,  имсол ба маблағи 43 миллион доллар гӯшти мурғ ворид шудааст. Ин  нисбат ба солҳои қаблӣ камтар мебошад, аммо омор моро водор месозад, ки дар бунёди корхонаҳои мурғпарварӣ чораҳои таъхирнопазир андешем. Соҳибкоронро  роҳнамоӣ дорем, ки ин холигиро ҳам пур кунанд. Ғайр аз ин, мо корхонаҳои консервабарорӣ дорем, аммо боз мебинем, ки қариб 13 миллион маҳсулоти консервагӣ ворид шудааст. Пур кардани ин холигӣ ҳам  чораҳои оҷил металабад.  Корхонаи “Оби Зулол”  ба маблағи 3,5 миллион евро технология ворид кард. Дар ин замина, иловатан, 50 ҷои корӣ таъсис дода, 12 номгӯй маҳсулоти нӯшокӣ истеҳсол мекунад. 10 фоиз содирот ба Беларус, Украина ва Қазоқистон сурат мегирад.  Корхонаи “Сирдарё” ҳам ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ хати технологияашро нав кард. Самти фаъолияти ҳамаи ин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мебошад. Дар шаҳри Исфара корхонаи “Субҳи Ватан” наздики 7 намуд маҳсулоти нав мебарорад. Бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳбари ин корхона ба Арманистон ва Озарбойҷон сафар кард.  Бозорро  омӯхта омад. Кам ҳам бошад, имсол қариб 40 тонна маҳсулотро ба кишварҳои Назди Балтика содирот кард. Мақсади мо оянда ҳаҷми содироти маҳсулотро зиёд кардан аст.

Имрӯз тамоми кишоварзон ва соҳибкорони вилоят ба ҳам омада, дар сарҷамъӣ ба рушди иқтисоди кишвар нақш мегузоранд. Рӯзҳои наздик боз 10 корхонаи дигари замонавиро ба истифода хоҳем дод, ки мусоидат ба кам кардани фоизи маҳсулоти воридотӣ мекунанд. Талош ҳам дорем, ки барномаҳои махсус қабул карда, истеҳсолкунандагони дохилиро ҳимоя кунем.

-Маводҳои шустушӯӣ, аз қабили собун, айна, ба Тоҷикистон аз хориҷа ворид мешавад.  Чаро Суғд ин холигиро пур намекунад?

-Дар ин самт ҳам мо фаъолона кор мебарем. Ҳоло яке аз ширкатҳои калонтарин -“Озода косметик”  дар масоҳати 5 гектар  замин дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхона бунёд кардааст. Фаъолияти  он ба истеҳсоли маҳсулоти шустушӯӣ равона шудааст, ки дар як шабонарӯз 24 тоннаро ташкил медиҳад. Ин дар марҳилаи аввал аст. Дар марҳилаи дуюм, то 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, истеҳсоли намудҳои дигари маводҳои шустушӯии воридотивазкунандаро ба роҳ мемонем.

Пӯшида нест, ки ҳозир ҳамагӣ 35 фоизи маҳсулот ба содирот ва 65 фоиз воридот рост меояд. То ҷашни 30- солагии Истиқлолият талош мекунем, ки онро 50 ба 50 расонем. Барои ин имконияти вилоят мерасад.

-Коронавирус иқтисодиёти ҷаҳонро ба шикаст рӯ ба рӯ кард. Суғд, ки минтақаи иқтисодии Тоҷикистон аст, дар пайи пандемияи коронавирус чӣ осеб дид?

-Албатта, мо бемории сироятии коронавирусро интизор надоштем. Аммо ҷиҳати пешгирӣ чораҳо андешидем. Пеш аз ҳама, барномаи махсуси иқтисодӣ қабул карда, дар ин самт чораҳоро пурзӯр намудем, ситод ташкил кардем, ки дар ҳайати он муовинони раиси вилоят ва дигар масъулини соҳа шомиланд. Вазифаи ин гурӯҳ вазъро омӯхтану  чораҳои муассирро амалӣ кардан  аст. Ҳоло мо корхонаҳои маҳаллиро, ки солҳо бекор хобида буданд ё дар ҳаҷми зарурӣ маҳсулот истеҳсол намекарданд, дубора фаъол намуда истодаем. Ҳадаф дорем, ки  имконияти дохилиро истифода  карда, вазъи иқтисодии вилоятро беҳтар намоем. 

— Шумо  ба Россия сафар карда, бо соҳибкорон мулоқот доштед. Ин сафар чӣ натиҷа дод? Умуман, чӣ соҳибкоронро умед мебахшад, ки дар вилоят корхона бунёд кунанд?

-Соҳибкорони мо дар Россия мавқеи намоён доранд. Агар пеш ҳамчун муҳоҷир шуда кор мекарданд, имрӯз онҳо худ роҳбаранд,  то 500 нафар зердастон доранд. Мулоқоти ман бо соҳибкорон низ бо дастури Пешвои миллат сурат гирифт. Дар ин мулоқот соҳибкорони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки муқими Россия ҳастанд, иштирок карданд.  Дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Сафорати Тоҷикистон дар Россия дар яке аз меҳмонхонаҳои калони дорои тамоми шароит соҳибкорон гирди ҳам омада буданд. Бештар бо соҳибкорон атрофи  коркарди мева, бандубасти меваҳои хушк, истеҳсоли либос ва ғайра гуфтугӯ доштем. Мулоқоти мо бо соҳибкорон натиҷаи хуб дод. Дар ин сафар қариб 20 созишнома ба имзо расид. Дар шаҳри Конибодом 30 гектар замин ҷудо шудааст, то 30- солагии Истиқлолият як корхонаи муҳташами мурғпарварӣ ва коркарди гӯшти он барои содирот сохта ба истифода дода мешавад. Дар шаҳри Исфара ва Ашт бошад,  бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ идома доранд.  Худи соҳибкорон изҳори умед намуданд, ки то 30- солагии Истиқлолият  саҳми бештар  дар пешрафти вилоят мегузоранд. Ҳам дар мумфаршкунии роҳҳо ва ҳам кашидани хати оби нӯшокӣ, бунёди кӯдакистон, толори варзишӣ ва ғайра. Инчунин,  дар шаҳри Панҷакент сохтани ҳавзи моҳипарварӣ ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан аз ҳисоби соҳибкорони вилоят идома дорад. Як соҳибкори мо дар деҳаи Понғоз мактаби садамавиро ба маблағи 15 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ карда, моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.

Корҳои зиёде ба анҷом расиданд, аммо корҳои зиёди дигар моро дар пешанд.

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *