МОИ «СУҒД»: Тарҳи муваффақ дар рушди саноат

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ  ҷузъи ҷудонашавандаи муносибатҳои иқтисодӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз дар Тоҷикистон панҷ минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият доранд. МОИ “Суғд” аз ҷумлаи онҳост, ки соли 2008 таъсис ёфта, дар масоҳати 320 гектар доман паҳн кардааст.

То имрӯз дар 32 гектар замин корхонаҳои истеҳсолӣ  бунёд ёфтаанд, маҳсулоташон дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони худро доранд. “Ҳадафи асосии ин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мебошад”, -мегӯяд Сӯҳроб Зикриёзода, муовини якуми роҳбари  МОИ “Суғд”.  

Сӯҳроб Зикриёзода, муовини якуми роҳбари МОИ “Суғд”

Айни замон дар  ин минтақа 29 субъект ба қайд гирифта шудааст, аз ин 21  корхонаи ватанӣ ва 5 корхонаи муштарак мебошанд. Ҳоло 13 корхона фаъолияти пурсамар доранд,  бренди худро пайдо карда, маҳсулоташон дар дохил ва хориҷ харидорони худро доранд.  Тавре аз макони ҷойгиршавии  МОИ “Суғд” бармеояд, минтақаи мазкур ҷиҳати рушди тиҷорату содироти маҳсулот ба кишварҳои дуру наздик мусоид мебошад.

 “Молу маҳсулоти субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодӣ ба ғайр аз Тоҷикистон ба давлатҳои ҳамҷавори Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон содирот шуда истодаанд. Маблағи он зиёда аз 19,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар МОИ «Суғд» миқдори умумии ҷойҳои корӣ аз оғози фаъолият ба 606 адад баробар гардид. Айни замон аз 29 субъекти дар қайдбуда, 13 адади онҳо бо фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва савдо, боқимонда бо корҳои сохтмонӣ, ободонӣ, ворид намудани таҷҳизот ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав машғуланд”,- иброз дошт дар суҳбат Сӯҳроб Зикриёзода, муовини якуми Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд». 

Ба гуфтаи Зикриёзода, моҳи марти соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳҳои истеҳсолии ҶДММ «Корхонаи муштараки тоҷикӣ-туркии «Афранг Пластик» ва филиали ширкати канадагии «Хантана Канада», ки ба истеҳсоли профилҳои пластикӣ ва коркард, бандубаст ва содироти асал машғул ҳастанд, ифтитоҳ ёфтанд. Аммо, бинобар паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар саросари дунё, фаъолияти доираи соҳибкориву сармоягузорӣ суст гардид. Пешниҳодҳои лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо МОИ «Суғд» низ коҳиш ёфт. Аммо ин ҳам муваққатист.

Ҳаҷми сармоягузории мустақим дар ин давра ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолияти минтақа зиёда аз 89 миллион сомонӣ таъмин гардид. Ба буҷаи давлат аз ҳисоби субъектҳои МОИ «Суғд» ба маблағи 974,4 ҳазор сомонӣ андози иҷтимоӣ, 868,4 ҳазор сомонӣ андоз аз даромади шахсони воқеӣ ва 7799,4 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ таъмин шуд.

Сӯҳроб Зикриёзода мегӯяд, ки МОИ “Суғд дар ҳамдастӣ бо соҳибкорони кишвар дар дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, фаровон гардонидани бозори дохилию истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд.

Кадом омилҳо метавонад сармоягузоронро ба МОИ “Суғд” ҷалб намоянд? Сӯҳроб Зикриёзода чунин посух гуфт:

-Пеш аз ҳама, фазои хуби сармояузорӣ. Масалан, дар МОИ сабукиҳои  андозӣ ва гумрукӣ пешбинӣ шудааст. Моликони корхонаҳо дар МОИ ҳамагӣ ду намуди андоз: андози иҷтимоӣ ва андоз аз шахсонӣ воқеиро пардохт мекунанд, аз дигар намудҳои  андоз озоданд. Инчунин, мақомоти дахлдор ҳангоми  тартиби ҳуҷҷатгузорӣ  соҳибкоронро танҳо намегузоранд, роҳнамо ҳастанд, барояшон маслиҳат медиҳанд. Яъне, муттаҳидӣ дар мадди аввал қарор мегирад.

Ҳоло маъмурияти МОИ “Суғд” дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон  ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд талош доранд, ки  дар заминаи лоиҳаҳои муваффақ шумораи корхонаҳои истеҳсолии саноатӣ ва  маҳсулоти воридотивазкунандаро дар ҳудуди минтақа афзун гарданд.

 Субъектҳо имконияти истифода аз иншоот барои офис ва анборҳо доранд, ки ба таври назаррас хароҷотҳои сармоягузорро кам менамояд.

Бинову иншоот, ки дар ҳудуди МОИ ҷойгиранд, моликияти хусусии МОИ намебошанд. Онҳоро ба иҷро гирифтан, ё ин ки харидорӣ кардан мумкин аст. Ҳамаи ин ба сармоягузор имконияти ба бизнеси худ ҷои муносиб интихоб намуданро, бо назардошти шарту шароит ва талаботҳои логистикии бизнесаш медиҳад.

Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *