Суғд- мактаби устувор дар роҳи саноатикунонӣ ва рушди иқтисод

«Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад».

Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҶДММ «ХОРОИ ХУҶАНД»

Ин корхонаи коркарди санги хоро 24-уми августи соли 2019 бо ҳузури  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт. Корхонаи  азими саноатӣ дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд, дар майдони 9288 метри мураббаъ замини ғайрикишоварзӣ ва бекорхобида бунёд гардид.

Самти фаъолияти он ба истихроҷ ва коркарди сангҳои табиӣ нигаронида шудааст. Барои истеҳсоли масолеҳ дар ин корхона дар қитъаи «Хорокон» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва қитъаи «Ровакон» — и ноҳияи Ашт сангҳои табиӣ истихроҷ карда шуда, дастрас карда мешавад. Ҳаҷми истихроҷи хоросанг дар корхонаи мазкур дар як моҳ аз 60 то 120 метри мукаабро ташкил медиҳад. Бо истифода аз ин дар корхона тахтасанг, панҷара, фаввора, мизу курсӣ, таҷҳизоти ошхона, гулдон, инчунин монеаҳо барои роҳрав, сафолакҳо, пардаовез, сутунпояҳо ва дигар номгӯи  маҳсулот бо шакл, ҳаҷм, миқдор ва ороиши гуногун истеҳсол карда мешавад.

ҶДММ «ҶАВОНӢ»

ҶДММ «Ҷавонӣ»  соли 1992 дар асоси сармоягузории хориҷӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфт. Имрӯз он яке аз корхонаҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Директори генералии ҶДММ «Ҷавонӣ» Иброҳимҷон Fафуров аст. Алҳол беш аз 800 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори дорои шароити муосир дар ин корхона таъмин гардидааст. Моҳи майи соли 1994 дар расми кушодашавии он Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, изҳори боварӣ намуда буданд, ки таъсиси чунин корхонаҳо мактаби таҷриба гардида, дар пешрафти иқтисоди миллӣ тақвият мебахшад. Ҳадафи асосии коргоҳ коркарди ниҳоии нахи пахта бо технологияҳои замонавӣ, истеҳсол ва фурӯши риштаҳои пахтагин, матоъҳо ва тамоми намуди шимҳову нимшима ва доман (мардона, бачагона ва юбкаҳо) мебошад.

Алҳол дар ҶДММ «Ҷавонӣ» сехҳои истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангуборкунӣ, минтақаҳои дарзмолкунӣ ва пардоздиҳӣ (коркарди матоъ, рангкунӣ) амал менамоянд. Дар як сол наздик аз 1,4 миллион маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба монанди шиму нимшимаҳои мардона, занона ва бачагона истеҳсол мешаванд, ки аз 97 то 100 фоиз таркиби онҳоро пахта ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ дар асоси фармоиши мизоҷони аврупоӣ иҷро гашта, асосан ба давлатҳои Италия, Хорватия ва як миқдори муайян ба Федератсияи Россия содирот мегардад. Соли  равон бо назардошти вазъияти бамиёновардаи пандемия, коргоҳ дӯхтани ниқобҳои муҳофизатии босифати бисёркаратаро ба роҳ монда, дар 6 моҳи соли равон 2 миллиону 177 ҳазор ниқоб истеҳсол намуда, ба Италия содирот кард.  

  «ШИРКАТИ АЗИЗӢ» 

ҶДММ «Ширкати Азизӣ» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Корхонаи мазкур 2 июли соли 2020 бо иштироки Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт.

Коргоҳро соҳибкор Абдуаҳад Самадзода бунёд карда, самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти ҳасибӣ мебошад. Айни замон дар «Ширкати Азизӣ» 32 нафар бо кор ва маоши хуб таъминанд. Корхона дар як шабонарӯз ҳудуди 1 тонна, 40 навъи ҳасиб истеҳсол менамояд. «Ширкати Азизӣ» ҳанӯз ба бозори истеҳсоли ҳасиби кишвар соли 2015 ворид шуда буд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ширкат дар 6 моҳи соли 2020 ҳамагӣ 2017,8 ҳазор сомонӣ буда, дар ин муддат  65 тонна маҳсулот истеҳсол кардааст. 

ҶСП «НОРД АЗИЯ МЕТАЛЛ»

Ин коргоҳи саноатии истеҳсоли қубурҳои металлии гуногунҳаҷм дар ноҳияи Спитамен, бо саҳми соҳибкор Илҳомҷон Мухторов бунёд шудааст.

Корхона қубурҳои профилӣ-металлии давра ва чоркунҷашаклро соле ба миқдори 60 ҳазор тонна истеҳсол мекунад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида, барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир беш аз 23 миллион сомонӣ масраф шудааст, ки 11 миллион сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Маҳсулоти ин коргоҳ пурра ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад.

«Норд Азия Металл» илова бар қубурҳо ва профилҳои металлӣ, метавонад солона то 12 ҳазор тонна бомпӯшҳои металӣ истеҳсол намояд. Дар навбати дуюми корхона, ки бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар коргоҳ алҳол наздик 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шудаанд, музди миёнаи маоши коргарон аз 2000 то 2500 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ «НОҲИД»

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ноҳид» дар шаҳри Истаравшан бо саҳми соҳибкор Мумин Фозилов бунёд ёфтааст. Он яке аз корхонаҳои саноатии пешқадами истеҳсолӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ҳисобида мешавад.

Корхона бо таҷҳизоти пешқадами истеҳсоли Олмон, Чин ва Чехия муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо корҳои дӯзандагӣ, бофандагӣ ва рангубор машғул мебошад.  Дар корхона коркарди пурраи риштаи пахтагин ба роҳ монда шуда, либосҳои мардона, бачагона ва занона, аз қабили тагпӯши мардона, майка, футболкаҳои бачагона истеҳсол мегардад. Маҳсулот 100 фисад аз пахтаи табиӣ истеҳсол мешавад. Ашёи хом пурра аз дохили кишвар харидорӣ гардида,  дар худи корхона коркард мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 100 ҳазор дона мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ, нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар нимсолаи якуми соли 2020 ба 987,1 ҳазор сомонӣ расида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 396,4 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки 167,1 фоиз аст. Маҳсулоти коргоҳ асосан ба содирот,  аз ҷумла давлатҳои Россия ва Беларус нигаронида шудааст. Дар нимсолаи якуми соли 2020 ба маблағи 379,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти тайёр содирот шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

 Соли равон ба иртиботи COVID — 19 корхона зиёда аз 65 ҳазор дона ниқобҳо истеҳсол намуд.

«ОБИ ЗУЛОЛ»

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Корхона фаъолияти худро бо истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани газдор ва бегази брендҳои «RC» ва «Оби Зулол»  шурӯъ кардааст.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологи корхона дар як соат аз 14 то 20 ҳазор литр ва солона 82,8 миллион литр нӯшокии ташнагишикани газдор ва бегазро ташкил медиҳад.Тавлидоти афшура ва шарбат аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла зардолу, биҳӣ, олуча, себ, анор, нок, шафтолу, олу, гулчини меваҳо дар қуттии 1-литра ҷой дода мешавад ва иқтидори истеҳсолӣ дар як соат 5 ҳазор қуттӣ мебошад. Дар хати дигари технологӣ меваҳои ватанӣ дар зарфҳои калонҳаҷм коркард гардида, дар як соат имкон аст аз 5 то 7 ҳазор килограмм мева коркард гардад. Иқтидори соланаи ин коргоҳ 25 ҳазор тонна меваи тару тозаи табиӣ аст.

1 июли соли 2020  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол»-ро мавриди истифода қарор доданд. Хати муосири технологӣ дар ин корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардида, дар Осиёи Марказӣ беназир аст. Ҳоло дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» 400 нафар мутахассиси ватанӣ фаъолият доранд.  Масоҳати умумии корхона 10,4 гектар буда, дар 3 гектари он биноҳои истеҳсолӣ ҷойгир мебошанд.

ҶДММ «АНГУБИН»

ҶДММ «Ангубин» (собиқ «Олим текстайл») моҳи феврали соли 2019 бо иштироки, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз нав ба кор оғоз кард.

Раиси вилоят он вақт таъкид карда буд, ки барқарор кардани корхонаҳои коркарди пахта дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат аҳамияти калон дорад ва бояд корхона минбаъд бетанаффус кор кунад. Ҳоло ҶДММ «Ангубин» дар анбори худ зиёда аз 300 тонна калобаи ришта дорад ва 160 тоннаи онро ба фурӯш баровард.

КОРХОНАИ МУШТАРАКИ «АПРЕЛЁВКА»

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Канада-«Апрелёвка» дар  шаҳраки Консойи вилояти Суғд ҷойгир аст. «Апрелёвка» ҳамчун корхонаи саноати азим ба истеҳсоли маҳсулоти қиматбаҳо, металли №1 ва металли №2 маҳсуб меёбад.

Ин корхона яке аз  калонтарин корхонаҳои шаҳри Гулистон ба шумор рафта, дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2020 фаъолияти истеҳсолӣ бурда, дар ин давра афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 100,3 фоиз таъмин намудааст. Ин нишондод 7,8 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр мебошад.

Дар ҳолати 1 июни соли ҷорӣ шумораи миёнаи кормандони корхона 787 нафарро ташкил медиҳад. Маоши миёнаи кормандони «Апрелёвка» ба 1 июни соли равон ба 2865,1 сомонӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 328,5 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳиссаи ҶТ дар сармояи корхона 51%, ҳиссаи ширкати Канада дар халиҷи Форс 49% мебошад. Асоси ашёи хоми корхона маъданҳои Апрелевка, Кизил-Чеку, Бургунда, Иккижелон ва дигар конҳои хурд мебошад. Оҳакҳо дар чоҳи кушода истихроҷ карда мешаванд. Вақте ки онҳо дубора тақсим карда мешаванд, хӯлаи тиллоӣ-нуқра ба даст оварда мешавад. Ҳосилнокии миёнаи корхона соле 180 ҳазор тонна маъданро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти асосии он хӯлаи тиллоӣ-нуқраи «Доре» мебошад, ки баъдан дар Корхонаи «Востокредмет» ба тиллои химиявии тозаи стандарти баландтарин (999.9) ва нуқраи стандарти 999.5 мубаддал дода мешавад.

ҶДММ «МЕВАИ КАНД»

Соли шашум аст, ки ин коргоҳ дар шаҳри Конибодом фаъолият дошта, дар коркарди мева ва содироти он ба берун аз кишвар саҳм мегузорад.

Сарвари коргоҳ Музаффар Юсуфов изҳор медорад, ки содироти мева дар соли 2019 ба миқдори 211 тоннаю 57 килло шуда бошад, дар ҳамин давраи соли равон ба сабаби мушкилоти замон ва баста гардидани роҳҳо танҳо 136 тонна ва ё ба андозаи 795 ҳазору 617 сомонӣ молу маҳсулоти коркардкардашуда содир гардид. Дар нимаи аввали соли 2019 – ум ба миқдори ёздаҳ тоннаю 380 килло меваҳои хушку донакдору бедонак, 44 тонна чормағзи заминӣ ва 25 тонна мағзи чормағзи заминӣ, 22 тонна себи хушк ирсол гардид. ҶДММ «Меваи Канд» дар масоҳати як гектар ҷойгир буда, дар бобати ворид сохтани дастгоҳҳои замонавӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

ҶДММ «ҒАЛЛАИ СУҒД» 

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ғаллаи Суғд», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад. Он соли 2009 таъсис ёфта, дар ибтидо иқтидори  истеҳсолиаш 61,243 тонна буд.

Баъди гузашти солҳо иқтидори коркарди корхона афзун гашта, имрӯз ин рақам ба 120 тонна орд расидааст.  Корхона иқтидор дорад, ки то ҳашт ҳазор тонна ғалларо дар анбор захира кунад.  Агар давоми соли 2019 коргоҳ 21,715 тонна орд ва 4802 тонна сабӯс истеҳсол карда бошад, давоми шаш моҳи соли 2020 он ба 15 ҳазору 520 тонна орд ва 4 ҳазору 466 тонна сабӯс расидааст. ҶДММ «Ғаллаи Суғд» дорои 100 ҷои корист.

КОРХОНАИ МУШТАРАКИ «АРЧА- МЕБЕЛ»

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия «Арча — мебел»  дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» фаъолият дорад. Корхона дар заминаи   ҶДММ «Арча» бунёд ёфта,  бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудааст.

Дар корхона дарҳои байниҳуҷравӣ, зиёда аз 350 намуд, тирезаҳои навъи аврупоӣ, тахтачӯбҳои мумфаршкунӣ, деворҳои чӯбин ва дигар маҳсулот аз чӯб истеҳсол мешаванд. Тамоми таҷҳизот ва технологияе, ки мутахассисон дар корхона истифода мебаранд, аз давлатҳои Италия, Словения ва Украина ворид карда шудааст.

Имрӯз маҳсулоти корхона дар 30 нуқта, дар шаҳрҳои  Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Исфара, Истаравшан, Спитамен, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Ёвон, Ҳисор, Турсунзода ба фурӯш гузошта шудаанд. Дар баробари ин тибқи супоришҳои Сарвари мамлакат ширкат фурӯши маҳсулоти худро дар бозорҳои берунӣ, ба монанди Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон  ташкил намудааст. Масоҳати умумии корхона беш аз ҳафт ҳазор метри мураббаъ аст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фисади ашёи хоми ватанӣ истифода мешавад, боқимондаи он аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Беларус, Туркия ва Ӯзбекистон ворид мегардад. Имрӯз дар корхона зиёда аз 100 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши сазовор таъмин ҳастанд.

ҶС «ЗАРАФШОН»

Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар заминаи корхонаи маъдани тиллои Тоҷикистон, ки соли 1990 ба фаъолият шурӯъ карда буд, таъсис ёфтааст. Он гоҳ корхона ашёи хом (консентрат) истеҳсол мекард.

Дар моҳи сентябри соли 1994, дар якҷоягӣ бо Ширкати бритониёии Commonwealth ва PLC, КВ Зарафшон бо шартҳои 51 / 49 таъсис дода шуд. Маҳсулоти асосии корхона пас аз ба истифода додани марҳилаи аввал дар моҳи январи соли 1996-ум 2 тонна тиллои навъи «Доре» дар як сол буд. Дар нимаи соли 2007 саҳмияҳои корхона аз ҷониби ширкати чинии Zijin Mining Gқoup Co., Ltd ба даст оварда шудааст. 75% саҳмияҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Хитой ба ширкати чинии ZiJin Mining Group Co. Ltd тааллуқ дорад, боқимонда 25% Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ширкат бахшҳои сершумор дорад, ки шумораи кормандони онҳо зиёда аз 2000 нафарро ташкил медиҳад.  Аз рӯи натиҷаҳои фаъолият Корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «Зарафшон» корхонаи пешбар дар истихроҷи тиллои Тоҷикистон боқӣ мемонад. Қаблан, тилло дар Корхонаи воҳиди давлатии «Востокредмет» коркард мешуд, аммо аз моҳи марти соли 2013 худи корхонаи тилло чунин имконият дорад.

Иқтидори лоиҳавии солонаи коркарди тилло то 5 ҳазор кг тиллои холис бо истеҳсоли панҷараҳои тиллоии стандарти байналмилалӣ бо миқдори 999,9 ва вазни то 12,5 кг мебошад.

Дар КМ «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент давоми 6 моҳи соли равон ба маблағи 1,8 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 119,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ин ба 107,1 фоиз баробар аст.

«ШИРКАТИ КӮҲӢ-САНОАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ»

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» дар ҳудуди шаҳраки Зарнисор ҷойгир аст. Он соли 2007-ум дар асоси 100 фоиз харидорӣ намудани амволи Идораи маъдани Олтинтопкан бунёд ёфт.

Намуди фаъолияти ин корхона коркарди маъдан ва истеҳсоли консентрати сурб, рӯҳ ва хокаи мис мебошад. Корхонаи мазкур дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2020-ум 971,2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, ба маблағи 816 миллион 842,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти консентрати сурб, рӯҳ ва ҳокаи мис истеҳсол намудааст.

Ҷамъият дар давраи ҳисоботии соли равон 65,6 фоиз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳрро таъмин намудааст. Ҳоло дар корхона, мувофиқи маълумоти оморӣ 3743 нафар кор мекунанд. Аз ин 68,6 фоиз мардуми маҳаллӣ ва 31,4 фоиз  шаҳрвандони Чин мебошанд. Музди миёнаи кормандони корхонаи мазкур 3368 сомониро ташкил медиҳад. Ба корхона давоми моҳҳои январ-июни соли равон 64 миллион 669,4 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

 ҶДММ «ЗИРВ ЭКО»

ҶДММ «Зирв Эко» яке аз коргоҳҳои муваффақест, ки  ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда машғул аст. Он бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта, бунёдгузор соҳибкори маҳаллӣ Абдумубин Абдушукуров мебошад. Дар корхона дар як шабонарӯз то 30 тонна равғани растанӣ коркард мешавад.

 Дастгоҳу таҷҳизоти корхона дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ва дар 7 қабат васлу насб гардидааст. Чунин намуди технологияи коркарди равғани растанӣ бори нахуст ба мамлакат ворид гардида, ба муҳити зист зарар намерасонад. Баъди коркарди пурра равғани растанӣ бо тамғаи «Олия» ва «Софӣ» дар ҳаҷми аз 0,5 то 5 литр бандубаст мешавад.

Маҳсулоти корхона дар баробари бозори дохилӣ, ҳамчунин, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот мешавад. Корхонаи коркарди равғани растании ҶДММ «ЗирвЭко» дар маҳаллаи «Ваҳдат» — и шаҳри Хуҷанд дар майдони қариб 1 гектар бунёд шудааст. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2020 115,2 тонна махсулот ба маблағи  1 млн. 655,1 хазор сомонӣ тайёр ва бандубаст гардид, ки он асосан дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

КОРХОНАИ МУШТАРАКИ «СИЛКОАТ БОЙЯ»

ҶДММ КМ Тоҷикистону Туркиё «Силкоат бойя» беш аз  10 сол мешавад, дар МОИ «Суғд» фаъолият дорад. Фаъолияти асосии ширкат  истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти рангу лок буда, бо технологияи туркӣ ва бо таҷҳизоти истеҳсоли олмонӣ  роҳандозӣ карда шудааст.

Директори кулли ин ширкат Аббосхон Очилов мебошад. Маҳсулоти корхона ба кишварҳои ҳамсоя- Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон  содирот мешавад. Солҳои 2013 ва 2017,2018 бренди Ширкат «SILKCOAT» сазовори ҷоизаи «Бренди сол 2013» ва «Бренди сол 2017» ва соҳиби номинатсияи «Сифат ва масъулиятнокӣ-2018» дар соҳаи худ гардид.

Барои ба меъёрҳои байналхалқӣ баробар шудани кори Корхонаи муштарак  лоиҳаи гузариш ба стандарти байналхалқии сифат  ISO- 9001:2008 бо ҷалби мутахассисон аз ширкати DQS Qғality Systems (Ди Кю Эс Квалити Систем) ба анҷом расид. Ҳоло дар корхонаи муштарак 38 нафар фаъолият мебаранд.

ҶДММ «СУҒДИЁН»

Ин коргоҳ 30 сол муқаддам дар масоҳати умумии 4,26 гектар фаъолият дошт. Аммо, бо мурури замон он аз кор бозмонда, дастгоҳҳо бо гузашти вақт корношоям гардидаву мутахассисони соҳаҳои муҳандисию техникӣ тарки коргоҳ карданд.

Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат дар қатори дигар коргоҳҳо коргоҳи дӯзандагии солҳои сол дараш баста, ҶДММ «Суғдиён» бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» аз нав эҳё гардид. Айни ҳол дар коргоҳ  дастгоҳу таҷҳизоти муосири истеҳсоли Ҷумҳурии Халқии  Хитой насб гардида, барои дӯхтани шим, нимшима, куртаҳои мардона, занона ва бачагона ва инчунин либоси махсус машғул аст. Коргоҳи мазкур бо ширкати маъруфи «Текстил — трейд» -и Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ дорад. Бо ширкати «Бил Бом Бо» -и Ҷумҳурии Беларус низ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида, масъулини корхона талош доранд, ки тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ либосҳои занона ва мардонаро дӯзанд.

ҶДММ «АФЗАЛИ СУҒД»

 «Афзали Суғд»  корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ мебошад, ки бо   тамғаи «Молочная радость» ба бозор роҳ ёфтааст. Корхона  таҷдид гашт. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон иштирок дошт.

Сифати тамоми маҳсулоти ширӣ дар озмоишгоҳ санҷида шуда, дар зарфҳои сохти худии коргоҳ бандубаст карда мешавад. Дастовардҳои роҳбари корхона Абдулатиф Раҳмонов назаррас аст. Ӯ ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мутахассиси беҳтарини соли 2012» дар  бахши «Соҳибкори сол» муайян гардид.

Имрӯз корхона зиёда аз 20 намуди маҳсулоти ширии табиӣ, баландсифат, ба монанди ҷурғот, ряженка, йогурти нӯшиданӣ, йогурти қаймоқӣ, панири ҳоландӣ, панири сычужный, равғани маска, творог, хамираи творог, шири пастеризатсияшуда, ширқиём, қаймоқ  истеҳсол мекунад. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои ҷумҳурӣ ва Қирғизистон савдо мешавад.

ҶДММ «ТОҶФИЛИЗ»

Ин коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ дар шаҳри Бӯстон ҷой гирифта, моҳи августи соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

ҶДММ «Тоҷфилиз» дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Корхона метавонад дар як моҳ то 600 тонна металлро коркард ва беш аз 200 навъи мех ва мехҳои печон истеҳсол намояд. Ин навъи маҳсулот аслан ба кишвари мо аз хориҷ ворид мегардид ва ифтитоҳи коргоҳи нав метавонад, ки бо сифати баланди маҳсулоти худ дар бозорҳои мамлакат ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда низ рақобат намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатти истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ таъмин буда, маҳсулоти босифатро бо назардошти талабот ва стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол менамояд.

Ба гуфтаи роҳбари  корхона Ҷамшед Байзоев, иқтидори истеҳсолии он дар як моҳ 60 — 70 тонна металл мебошад. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулот асосан аз корхонаҳои ватанӣ, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас гардида, маҳсулоти ниҳоии сохтмонӣ ба бозорҳои мамлакат пешниҳод карда мешавад.

ҶДММ «ҶАҲИДА»

ҶДММ «Ҷаҳида» (ноҳияи Зафаробод) коргоҳи бонуфузи коркарди ширу панир аст, ки ба фаъолияти он Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ бахшиданд. Бунёдгузорон  Назар  Ғоибназаров аз Тоҷикистон ва Ҷеври Диллон аз Австрия мебошанд.

Коргоҳ  якҷо бо фермаи инноватситонии парвариши чорвои хурди шохдор-бузҳои зоти аврупоӣ 22 августи соли 2019 бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон расман ба истифода дода шуд.  Дар давоми солҳои 2015-2020 саршумори чорвои хурд ҳар сол аз 25 то 50 сар зиёд гардида, ҳоло ба 240 сар расонида шудааст. Аз ин миқдор 130 сар модарбузҳои ширдеҳанд. Ба ҳисоби миёна  ҳар сар дар як шабонарӯз 2,5-5 литр шир, дар 1 шабонарӯз қариб 500 литр шири буз истеҳсол карда мешавад. Дар фермаи парвариши чорвои хурди шохдор ва сехи панирбарории ҶДММ «Ҷаҳида» 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, кормандон асосан худи аъзои оилаи муассисон мебошанд.  Имрӯз панирњои истеҳсолшуда бо бренди ҶДММ «Ҷаҳида» дар марказҳои савдои вилоят ва шаҳри Душанбе пешкаши мардум гаштаанд.

ҶСК «ФАЙЗИ РАСУЛ»

Ин ширкати бонуфуз дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ҷой гирифта, бо истеҳсоли маҳсулоти гӯштии сифаташ баланд машғул аст ва онро ба тамоми манотиқи Тоҷикистон дастрас менамояд.

Айни замон ширкати «Файзи Расул» яке аз корхонаҳои пешқадам доир ба истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ҳасибу ҳасибчаҳо, консерваи гӯштӣ ва деликатесҳо ба ҳисоб меравад. Ширкат дар бозори истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ аз соли 2003 то инҷониб фаъолият бурда, дар ҳоли рушду инкишоф қарор дорад. Ҳоло дар корхонаи «Файзи Расул» 43 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Соли 2014 маҳсулоти ширкати «Файзи Расул» сазовори ҷоизаи «Маҳсулоти беҳтарини сол» дар Тоҷикистон гардид. 

Ширкати коркарди маҳсулоти гӯштии «Файзи Расул» ба ТОП 10-и истеҳсолкунандагони маҳсулоти гӯштӣ дар Тоҷикистон дохил мешавад.

ҶДММ «САТН»

 «САТН» ҳамчун корхонаи муваффақи коркарди пахта, омода намудани ришта  то маҳсулоти тайёр, яъне маҳсулоти пӯшокаи ҷавобгӯй ба стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад. 

Директори генералии ҶДММ «САТН» Илҳом Бобоев мегӯяд, ки соли 2004 корхона пурра ба фаъолият оғоз кард. Фармоишгари асосии маҳсулоти истеҳсолии коргоҳ Ширкати амрикоии  «CARRERA SPA» мебошад.

Феълан коргоҳ аз истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, минтақаи Денӣ, яъне коркарди матоъ, шустушӯйи, дарзмолкунӣ, пардоздиҳӣ ва истеҳсолоти буррандагиву дӯзандагӣ иборат аст. Агар солҳои қаблӣ ашёи хом баҳри истеҳсоли маҳсулоти коргоҳ пурра аз нахи пахта ба роҳ монда шуда бошад, алҳол бо дарназардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот на танҳо аз нахи пахта, ҳамчунин аз нахи сунъӣ низ истифода бурда мешавад.

Агар дар корхона солҳои пеш танҳо модели тарҳи классикӣ истеҳсол мегардид, се соли охир зиёда аз 100 намуди либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона бо истифода аз нахи пахта  ва нахи сунъии спандекс ба роҳ монда шуд. 95 фисади маҳсулоти тайёр ба кишварҳои Аврупо содирот мешавад.

ҶДММ «СУҒД — ПАК»

Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропелении ҶДММ «Суғд — Пак» низ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Иқтидори коргоҳи мазкур 60 миллион дона халтаи полипропеленӣ дар як сол пешбинӣ гардида, дар он зиёд 200 таҷҳизот, аз ҷумла таҷҳизоти бофандагӣ, эктрузор, ресандагӣ, чопкунӣ, ламинатсия ва ғайра васлу насб гардидааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 21 миллиону 496 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 103,5 фоизро дарбар мегирад. Ҳоло дар ин  коргоҳ 310 нафар фаъолият доранд.

ҶДММ «ХУАКСИН ҒАЮР – СУҒДСЕМЕНТ»

Ин корхонаи азими саноатӣ моҳи марти соли 2016 бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифта буд.

Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол беш аз 1 миллион тонна семент буда, «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» тавонист дар як муддати кутоҳ ҷиҳати таъмини бозор бо семент ва коҳиши нархи он мусоидат намояд. Илова бар ин, маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ба кишварҳои хориҷа содирот мешавад.

Корхонаи муштараки сементбарории Тоҷикистону Чин «Хуаксин-Ғаюр-Суғдсемент» дар масоҳати 48 гектар бунёд гардида, соле дар он беш 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад шуд. 80 фоизи ашёи хом, яъне оҳаксанг, ки  барои истеҳсоли семент истифода мегардад, дар масофаи 500 метр дуртар аз корхона мавҷуд мебошад.

КОРХОНАИ МУШТАРАКИ «ФАРОВОН — 1»

Тӯли 17 соли фаъолият коргоҳи мазкур ба яке аз корхонахои саноатии пешрафта мубаддал гаштааст.

Дар ин муассиса 98 нафар корманд дар се баст, дар чор самти фаъолият, аз ҷумла истеҳсоли орд, парандапарварӣ, истеҳсоли ғизои паранда ва чорво ва истеҳсоли масолеҳи металлӣ фаъолияти пурсамар доранд. Роҳбари ҶДММ «Фаровон-1» Исроилхӯҷа Самандаров изҳор дошт, ки агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ соли 2015 беш аз 11 миллион бошад, соли 2019 он ба зиёда аз 86 миллион сомонӣ расонида шудааст, аз ҷумла дар нимсолаи аввали соли равон ин нишондиҳанда наздик 9 миллион сомониро ташкил дод. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар вилоят 27 корхонаи истеҳсоли орд мавҷуд аст, ки бештари он дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бӯстон ва Истаравшан фаъолият доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *