Рӯзигул, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев даргузашт
Субҳи имрӯз Рӯзигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт.
Субҳи имрӯз Рӯзигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Ин дар ҳолест, ки худи Маҳмадсаид Убайдуллоев айни замон дар сафари корӣ дар Русия қарор дорад.
“Ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев бемории ҷиддие надошт ва фақат чанд рӯзи охир аз дарди гулӯ ранҷ мекашид”, — чунин навиштааст сомонаи Ахбор.ком» бо такя ба наздикони марҳум. Аммо сабаби даргузашти Рӯзигул Каримова то ба ҳол маълум нест.
Тавре Раҷаби Мирзо дар саҳифаи фейсбукии худ менависад, маросими ҷанозаи ҳамсари Маҳмадсаид Убайдулоев фардо, 3-юми июл соати 9 дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва қарор аст ҷасади ӯ дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда шавад.
Оиди шахсияти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев маълумоти зиёде дар даст нест. Танҳо гуфта мешавад, ки ӯ модари 3 фарзанд — ду писар ва як духтар мебошад. Ӯ аз ҳамсараш Маҳмадсаид Убайдуллоев як рӯз ҷавонтар будааст.
Бояд қайд кард, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев 1-уми феврали соли 1952 дар ноҳияи Фархор ба дунё омадааст ва яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад. Наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд.
Амирҷони Убайдулло, яке аз писарони Маҳмадсаид Убайдуллоев айни ҳол мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО мебошад.
Мо ҳайати эҷодии ҳафтаномаи Тоҷикистон ва сомонаи “tajikistantimes.com” ба Арбоби сиёсии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар даргузашти нобаҳангоми ҳамсарашон ҳамдардӣ баён менамоем. Равони марҳум шод, хонаи охираташон обод бошад, омин!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ