Ҷӯрабек Аҳмадҷонов тарки Тоҷикистон кард?
Ҷӯрабек Аҳмадҷонов бо таронаҳои шӯхи ошиқонааш дар як муддати кутоҳ дар дили дӯстдорони савту наво маъво гирифтааст. Сурудҳои “Оча”, “Нозанин”, “Куҷо аз ман дурӣ” ва “Менишстем рӯ ба рӯ”-и ин сарояндаи ҷавони вирди забони хурду калон аст.
Азбаски Ҷӯрабек дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” ин ҳафта пешсаф аст, бо хоҳиши мухлисонаш мо бо ин ҷавони ҳунарманд суҳбат оростем.
—Ҷӯрабек, айни замон шумо дар озмуни “Оҳанги ҷавонӣ” дар байни 50 сарояндаи ҷавон бо 271 овоз пешсаф ҳастед. Мехостем донем, ки худи шумо аз ин озмун хабардор ҳастед ё не?
—Хабар надоштам, ҳамагӣ ду рӯз пеш мухлисонам ин хушхабарро ба ман расониданд. Раҳмат ба мухлисони содиқам, ки маро дастгирӣ карда, овоз додаанд.
-Шунидем, ки ба сафари ҳунарӣ омодагиҳо дида истодаед. Махфӣ набошад, бигӯед, ки ба кадом давлат меравед ва ҳадафи сафаратон чист?
-Ман дар ду ҷода кору фаъолият мекунам, яке сарояндагӣ ва дигарӣ касби табибӣ. Ба кишвари афсонавии Ҳиндустон сафар дорам. Мақсади сафари банда омӯзиши баъзе нозукиҳои касби табибӣ аст. Бо даъвати дӯсти ҳиндиам Аҷиид Сайни ба ҳиндустон сафар карда истодаам. Айни ҳол дар фурудгоҳем ва ин дӯсти ҳиндуи банда ба тамоми хонандагони “Оила” саломи худро мерасонад.
-Ҳиндустон манзараҳои дилфиреб дорад. Дар ин кишвари биҳиштосо таронаҳоятонро клип карданӣ нестед?
— Хеле мехостам, ки сурудҳоямро дар Ҳиндустон клип кунам, аммо фикр мекунам фурсат даст намедиҳад, чунки мақсади сафари мо омӯзиш аст ва барномаи мушаххас дорад.
—Табибӣ пешаи бисёр заҳматталаб аст, чӣ гуна ба шумо даст медиҳад, ки дар баробари табобати беморони бешумор боз бо санъаткорӣ машғул шуда, сурудҳои дилнишин эҷод намоед?
-Ман давои сарояндагӣ надорам, танҳо аз завқу шавқи дил, барои ором кардани асаб суруд мехонам.
— Чаро бо ягон хонуми хушсадо бадеҳа намесароед? Бо занҳо ҳамкорї карданро хӯш надоред ё аз янга метарсед?
—Дар ният ҳаст, Худо хоҳад ба мухлисон сюрприз мекунем.
—Ҳолдонҳо мегӯянд, ки чандин духтарони зебо дар ғами Ҷӯрабек обу адо шуда гаштаанд, вале назари ин ҷавон ҳар касро намегирад…
-Ман аз ҳавобаландӣ ишқи духтарҳоро рад накардаам. Оилаи обод ва хушбахт дорам. Ба ман чӣ лозим ишқу ошиқӣ?!
— Ишқи аввалинатонро ёд доред?
—Наимҷон, вақти парвози ҳавопаймои мо фаро расид. Худо хоҳад, дар суҳбатҳои ояндаамон дар ин бора ба шумо ва хонандагони “Оила” нақл мекунам…
-Мо ба шумо роҳи сафед ва фатҳи қуллаҳои баландро таманно дорем!
Суҳбаторо: Наимҷон Қосимӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ