Телевизионҳо ба Душанбе-Плаза кӯч мебанданд?

Ҳамаи 9 шабакаи телевизионии давлатии Тоҷикистон аз Кумитаи телевизион ва радио номаи расмӣ гирифтаанд, ки пешниҳоди кӯчидан ба бинои баландтарини пойтахт – «Душанбе – Плаза”-ро баррасӣ кунанд. Кормандони бархе шабакаҳо мегӯянд, масъалаи кӯчондани онҳо ба «Душанбе-Плаза” алакай ҳал шудааст ва ин нома танҳо барои анҷоми расмиёт аст. «Душанбе – Плаза”-ро дар вақташ  ширкати марбут ба хонаводаи соҳибкори ҳоло зиндонӣ Зайд Саидов сохта буд.

Манобеи сомонаи «Ахбор” мегӯянд, ҳафтаи гузашта Маҳмадсаид Пирзода, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба раҳбарони ҳамаи 9 шабакаи телевизионии давлатӣ бо пешниҳоди кӯчондани ин шабакаҳо ба бинои «Душанбе – Плаза” номаи расмӣ фиристодааст. Дар ин нома аз раҳбарони ин 9 шабака хоста шудааст, ки фикру назари худро дар масъалаи кӯчидан ба «Душанбе-Плаза” то поёни моҳ ба кумитаи телевизион ва радио ироа кунанд.

Ҳамсӯҳбатони «Ахбор” дар се шабакаи давлатии телевизионӣ расидани мактубе бо чунин мазмунро тасдиқ карданд. Яке аз онҳо гуфт, дар асл масъалаи кӯчондани телевизионҳо ба «Душанбе-Плаза” алакай усулан ҳал шудааст ва ин номаи Пирзода танҳо ба хотири анҷоми расмиёт аст. Ӯ гуфт, «ҳоло масъулони бахшҳои фаннӣ паҳлуҳои фаннии масъала ва то куҷо мувофиқ будани бинои «Душанбе – Плаза” барои кори муназзами шабакаҳои телевизиониро меомӯзанд. Агар қарори ниҳоӣ қабул шавад, шояд алакай моҳи оянда ба кӯчондани шабакаҳои давлатӣ сар кунанд.”

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 8 шабакаи давлатии телевизионӣ — «Тоҷикистон” (собиқ «Шабакаи аввал”), «Сафина”, «Ҷаҳоннамо”, «Баҳористон”, «Варзиш”, «Футбол”, «Синамо” ва «Шабакаи мусиқии Тоҷикистон” ва як шабакаи шаҳрӣ – «Душанбе” (собиқ ТВ «Пойтахт) – амал мекунанд.

Шабакаҳои «Тоҷикистон” ва «Ҷаҳоннамо” дар бинои таърихии телевизиони тоҷик дар кӯчаи Беҳзод дар паҳлуи киностудияи «Тоҷикфилм” ҷойгир шудааст, вале бисёре аз шабакаҳои дигар дар гӯшаҳои гуногуни шаҳри Душанбе паҳну парешон мебошанд. Аз ҷумла телевизиони «Сафина” дар бинои собиқи филармония, «Варзиш” ва «Футбол” дар як бино дар гардиши корхонаи пивобарорӣ дар рӯбарӯи бинои собиқи Кумитаи андоз ва «Баҳористон” дар Хонаи радио дар кӯчаи Чапаев кор мекунанд. Телевизиони «Душанбе” бошад дар дохили собиқ кинотеатри «Хроника” («Аём”) дар рӯбарӯи бинои асосии Донишгоҳи миллӣ ҷой гирифтааст.

Ба бовари мақомот, зери як бом ҷамъ овардани қароргоҳҳои ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ба беҳбуди муҳити эҷодӣ ва тақвияти ҳамкориҳо байни ин шабакаҳо мусоидат мекунад. Дар ин маврид аз ҷумла аз таҷрибаи телевизионҳои Русия ёдовар мешаванд, ки аксаран дар Останкино ва Шаболовка ҷойгир шудаанд.


Бинои «Душанбе – Плаза”, ки бо 22 қабаташ баландтарин бино дар пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад, 6 сентябри соли 2011, дар остонаи солгарди 20-уми истиқлоли Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ин биноро ширкати сохтмонии «Тоҷ Сохтмон байналмилал»-и марбут ба наздикони соҳибкори маъруф Зайд Саидов бар пояи тақрибан 117 миллион сомонӣ маблағгузории шаҳрдории Душанбе сохт.

Зайд Саидов дар соли 2013 дар пайи эълони азмаш барои сохтани як ҳизби сиёсӣ боздошт гардида, ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Дар соли 2014 ӯро ба тасарруфи ҳудуди 37 миллион сомонӣ дар сохтмони «Душанбе -Плаза” ҳам айбдор карданд ва ба ҳукми зиндонаш боз 3 соли дигар афзуданд. Зайд Саидов ҳамаи иттиҳомоти ба зиддашро эълоншударо рад мекунад. Наздикони ӯ мегӯянд, дар сохтмони «Душанбе — Плаза» баракс 6 миллион доллар зарар дидаанд.

«Душанбе – Плаза” бо онки аз кушода шуданаш 6 сол гузашт, то кунун нимахолӣ боқӣ мемонад. Се блоки ин бино дар маҷмӯъ қариб 40 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад. Зоҳиран акнун бо ҷой кардани шабакаҳои телевизионӣ дар ин бино мақомот мехоҳанд масъалаи пур кардани «Душанбе – Плаза”-ро билохира ҳал кунанд.

Баландии бино барои гузоштани антеннаҳои телевизионӣ мувофиқ аз дигар биноҳои пойтахт аст, вале маълум нест, ки оё ҳамаи се блоки «Душанбе -Плаза”-ро ба телевизионҳои давлатӣ медиҳанд ваё танҳо як қисматашро?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *