Баҳор Саид – Америка — Афғонистон

Биё дар бистарам имшаб

Зи ишқ оташини ту ба сӯзи дигарам имшаб,

Ба рӯъёе, ки мебинам тобе бар сарам имшаб.

Чу қурси моҳи оташпора афтӣ дар барам имшаб,

Ба дастони ту мебахшам тани исёнгарам имшаб,

Биё дар бистарам имшаб.

Барои ҳисси гармоят ба ҳасратгоҳи танҳоям,

Ба бистар бе ту месӯзам, ба оташгоҳи беҷоям.

Чу шохи ишқи тар рӯйидаи ин ҳирси зебоям,

Ки доғи бӯсаҳоят гул занад бар пайкарам имшаб,

Биё дар бистарам имшаб.

Ба рӯйи шонаҳоят рез, атри тозаи мӯям,

Ба даври гарданат печад ду дастам то ба бозӯям,

Ба танги синаат бифшор ҷисми доғу хушбўям,

Ба шеърам баҳри оғӯшат худам урёнтарам имшаб,

Биё дар бистарам имшаб.

Фирор аз худ намоям дар бару дӯши ту мегардам,

Зи ҳар су дар ту мепечам, асал нӯши ту мегардам.

Ба шуру шавқи сармастӣ ҳамоғӯши ту мегардам,

Ду то пайкар яке гардад, туро дар худ барам имшаб,

Биё дар бистарам имшаб.

***

Дилбарофрин  

Гар сабои ишқ дар пероҳанам афтодаӣ,

Дар ғазал печиданатро доманафшоӣ кунам.

Ё фурӯят мекашам дар синаи эҳсоси дил,

Дар нафсҳоям туро атри гиребонӣ кунам.

Ё ки бархезам туро дар қомати андешаҳо,

Дар хаёлистони лутфи субҳи худ биншонамат.

Дар тароватзори рангини тахайюлҳои зан,

Аз намои растани тобу табам барчинамат.

То туро гул мекунам дар хӯшаҳои орзу,

Панҷаи пиндори ман гулвожачинӣ мекунад.

Ки ту ҳастӣ он ки хезӣ аз тағаззулҳои дил,

Ишқи зан ин гуна дилбарофаринӣ мекунад.

***

 Арӯс  

Мурғаки шикастаболи ло-лойи модарӣ,

Ғамнавишти кӯдакаш ба навҳаҳо гирифта,

Месуруд,

Духтарм! Арӯси қарни ман!

Дар шукуфаҳои кӯдакӣ,

Аз чӣ фасле баргу борро ба гул нишастаӣ?

Тарсам ҳамчу ман,

Хӯшаҳои начида аз баҳори зиндагоният.

Пирамарде дар камини бахти ту ситода,

Чанг мезанад ба ҷилвахези қаднамоият.

Мебарад туро ба бозувони зарди хеш,

Теша баъди теша мехӯрад.

Қомати расои сабзи навҷавоният,

Як шубоби ишқро,

Мезанад хушк,

Дар таровати ҷавонаҳои гулфишоният,

Баргҳои орзуи рехта,

Домане зи хор,

Мезанад ба дидагони шодмоният.

Захми тар ба нолаат гирифта,

Дардҳо дареғҳо туро хамиданист,

Духтарак бахоб рафту модараш гирист,

Модараш гирист.

بهار سعید — آمریکا — افغانستان

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *