“Радарҳо”-и дурӯғгӯ ошкор шуданд

 

Мақомоти «Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон соли гузашта бар асоси шикояти ронандагон 55 дастгоҳи суръатсанҷ (радар)-и кормандони БДА-ро таҳти санҷиши сифат қарор дода, аз ин шумор истифодаи 29 радарро ба сабаби вайрон буданашон  манъ кардаанд. Ронандагон пайваста шикоят мекунанд, ки кормандони БДА нишондиҳандаҳои дурӯғи радарҳои дасти худро дастак карда, онҳоро беасос ҷарима мебанданд.

Санҷиши сифати дастгоҳҳои суръатсанҷ дар вилояти Хатлон нишон додааст, ки беш аз нисфи радарҳои кормандони БДА иллат доштаанд.

Абдуғаффор Исмоилзода, сардори шуъбаи назорати давлатии воситаҳои ченаки «Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон гуфтааст, «дар соли 2017 дар ин вилоят зиёда аз 55 суръатсанҷ, ба истилоҳ радар, аз санҷиши сифат гузаронида шуда, ба масъулини шуъбаи БДА-и вилоят барои истифода накардан 29 суръатсанҷбо сабаби иллат доштан, амрномаи манъ дода шуд.”

«Тоҷикстандарт” ҳар сол як маротиба дастгоҳҳои суръатсанҷро аз санҷиш мегузаронад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *