Ронандазани  масти «Тайёта Камри» ноболиғро пахш кард    

Сокини шаҳри Хуҷанд, истиқоматкунандаи шаҳри Бӯстон Ҷ.М. ки дуюми сентябри 2017-ум дар ҳолати мастӣ бо автомашинаи тамғаи «Тайёта Камри» рақами қайди давлатиаш 7017 КВ02, пиёдагарди хурдсол Лоиқов Маҳфузулло Ҳумаюновичро пахш намуда буд, ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Ин зани 57-сола, ки  дар ҳолати мастӣ сари чамбараки мошин нишаста, талаботҳои бандҳои 12 б ва 130 сархати 2-и қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намуда, боиси зарари вазнин ба саломатӣ  дидани ноболиғ Лоиқов гаштааст.  Мувофиқи хулосаи ташхиси судди тиббӣ таҳти №1188 аз санаи 05.09.2017 ҷароҳатҳои бардоштаи Лоиқов ба намуди осеби пӯшидаи косахона ва майнаи сар, лати мағзи сар дараҷаи миёна, захми пешона, фарқи сар, нефроуретроэктомия аз чап, бо аломати бевосита ба ҳаёти одам таҳдидовар буданаш  ҳамчун зарари вазнин ба саломатӣ расонида шуда, мансуб дониста мешаванд.

Номбурда мувофиқи моддаи 212 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 6  сол ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии сукунат, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати 10 (даҳ) ҷазо дода шуд.

                                                                                                                                                   Фарзона Муродӣ

             

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *