Раиси Ҳисор бо рафти сохтмон дар беморхонаи нав шинос шуд

Раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва муовини раиси шаҳр Аҳмадҷон Исматуллозода дар беморхонаи нави марказӣ, ки сохтмонаш дар маҳаллаи 8-уми ҷамоати шаҳраки Ҳисор идома дорад, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ шинос гардиданд.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Ҳисор, беморхона дар масоҳати умумии 8 гектар бунёд ёфта, масоҳати зери сохтмон 5193 метри мураббаъ, кабудизоркунӣ 8988 ва масоҳати роҳу роҳравҳо 13818 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Иншоот аз 5 бинои чорқабата иборат буда, барои 205 кати беморон дар назар дошта шудааст.

Фармоишгар Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арш Сохтмон” мебошанд. Маблағи лоиҳавии сохтмон 64 миллион сомониро ташкил дода, то ба имрӯз маблағи 28 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст, ки 60 фоизи иҷроиши корҳои сохтмонро ифода мекунад.

— Лозим ба ёдоварист, ки бо сабабҳои обективӣ, паҳншавии бемории сироятии “СOVID-19” корҳои сохтмонӣ муваққатан қатъ гардида буд. Бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сохтмон дар соли 2022 боз 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ вусъати тоза пайдо кардааст,- меафзояд манбаъ.

Тавре иттилоъ дода шуд, маблағи мазкур баҳри бунёди бино барои маъмурияти беморхона, таваққуфгоҳи нақлиёт, бинои иловагии якқабата барои 105 кат, дегхона барои гармидиҳӣ, кашидани хатҳои обу ташноб ва ғайраҳо масраф мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *