Амонатбонк

Раиси Амонатбонк барои омӯхтани таҷрибаи бонкҳо ба Олмон рафт

Сироҷиддин Икромӣ, раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» дар чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ: ҷиҳати омўхтани таҷрибаи бонкҳои пешрафтаи Ҷумҳурии Федеративии Олмон»  иштирок кард.  Ин чорабинӣ  рӯзҳои  5-6 июни соли равон  дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки иштироки Сироҷиддин Икромӣ дар ин ҳамоиш бо розигии  Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва даъвати директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс сурат гирифтааст.

Маврид ба таъкид аст, ки дар чорабинии мазкур роҳбарони бонкҳои амонатгузории аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) аз кишварҳои қитъаи Аврупо, Амрикои ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи ҷанубӣ иштирок намуда, оид ба дастовардҳои молиявии худ маълумот пешниҳод намудаанд.

“5 июн дар ҳошияи баргузории чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ», раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин бо директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс мулоқот намуданд. Ҷонибҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба бо бонкҳои аъзои Институти мазкур, аз ҷумла мусоидат намудан ба кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, ба роҳ мондани маблағгузории савдо байни бонкҳо ва баргузор кардани чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бонкҳои кишварҳои қитъаи Аврупо, Амрикои ҷанубӣ, Африқо ва Осиёи ҷанубӣ дар  Тоҷикистон, мавриди баррасӣ қарор доданд”,-иттилоъ доданд аз Амонатбонк ба Pressa.tj.

Дар интиҳои мулоқоти дуҷониба, директори Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) Питер Зимонс қайд намудааст, ки институт нақша дорад дар Тоҷикистон яке аз чорабинии худро дар мавзуи муҳими бонкдории муосир баргузор намояд.

Чорабинии «Таваҷҷуҳи муҳим дар устувории молиявӣ» то 9 июни соли 2023 идома ёфта, дар заминаи он боз якчанд мулоқоту вохўриҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Раиси Раёсати КВД БА ҶТ «Амонатбонк» бо роҳбарони бонкҳои аъзои Институт умумиҷаҳонӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Боиси ёдоварист, ки Амонабонк аз соли 2004, инҷониб аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрўз бо институти мазкур дар самтҳои мухталиф ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Зиёда аз 6700 бонкҳои амонатгузор ва чакана аз тамоми дунё аъзои Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, бештари масъалаҳое, ки бо ташаббуси институт баррасӣ мегардад, ин танзим намудани ҳамкориҳои байналхалқӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисони бонкҳои аъзо ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *