Ҷайҳун: Воридсозии 500 га замин ба гардиши кишоварзӣ

Бо ибтикори соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Ҷайҳун 500 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуд. Барои сохтмони ин пойгоҳ беш аз 12 миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Соҳибкор Фаридун Убайдуллозода хати оби полезиро аз шохоби дарёи Панҷ аз масофаи 3 ҳазору 500 метр овардааст. Об тариқи кандани канал оварда шудааст. Об дар обанбори 40х40 ҷамъоварӣ ва баъдан бо истифода аз 1 пойгоҳу 2 дастгоҳи обкашӣ бо истифодаи қубурҳои қутраш 530 мм барои обёрии зиёда аз 2 ҳазор гектар замин истифода мешавад. Соҳибкор барои амалӣ кардани ин тарҳи барои кишоварзӣ муҳим 12 миллиону 500 ҳазор сомонӣ масраф кардааст.

Саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гуфтааст, ки мақсади асосии баистифодадиҳии хати оби полезӣ — ин ба гардиши кишоварзии обӣ даровардани зиёда аз 2 ҳазор гектар замин мебошад. Феълан бо хати оби мавриди назар 500 гектар замин обёрӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар маросими ба кор оғоз кардани ин пойгоҳи обкашӣ Давлаталӣ Саид — раиси вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ҳамчунин, ӯ дар ин рӯз дар ноҳияи Ҷайҳун аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дидан карда, дар кишти пунбадона ҳам иштирок намудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *