Кашфи ёдгории нав дар деҳаи Фароби Панҷакент

Дар деҳаи Фароби ҷамоати деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент, аз рӯи иттилои як нафар сокини деҳа, ёдгории беназири бостонӣ кашф шудааст. Дар ин бора Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ хабар дод.

Тавре аз хабар бармеояд, бо дастури роҳбарияти пажуҳишгоҳ ва мусоидати шуъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангии Вазорати  фарҳанги кишвар бостоншиносон, номзадҳои илми таърих Шарофиддин Қурбонов ва Абдураҳмон Пӯлодов ба деҳаи Фароб сафар карда, ин бозёфти таърихиро, ки дар қисмати ҷанубии деҳаи  Олимободи Фароб дар натиҷаи фурӯравии қитъаи замин ошкор шудааст, таҳқиқ намуданд.

Тибқи хулосаи аввалияи олимон он новус ё худ қабри гурӯҳии замони пеш аз ислом буда, шакли ҳуҷраи равоқпӯшро дорад ва аз чанд тоқча, ки дар онҳо устухондон ва ё хумҳои устухондор ҷойгир аст, иборат мебошад. Ба таъкиди бостоншиносон, чунин новус дар қисмати куҳистонии Суғди бостон бори аввал дарёфт шуда, он аз дигар бозёфтҳои маросими дафни зардуштӣ фарқ мекунад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло олимон ба таҳқиқи ин бозёфти арзишманди бостонӣ машғуланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *