Раиси «Амонатбонк» дар Амстердам бо роҳбарони бонкҳои бонуфуз вохӯрд
Аз 10 то 13 октябри соли равон Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» дар доираи ҷаласаи солонаи Конфронси SIBOS — 2022 SWIFT (системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли иттилоот ва пардохтҳо), ки дар шаҳри Амстердами Нидерландия баргузор гардид, иштирок намуд.
Конфронси SIBOS, ин як платформаи беназир ва бонуфузтарини сатҳи байналмиллалӣ буда, ҳамасола аз ҷониби SWIFT гузаронда мешавад, ки иштирок дар чунин чорабинӣ метавонад заминаи мусоидеро ҷиҳати васеъ намудани доираи фаъолияти молиявии «Амонатбонк» бо бонкҳои бонуфузи кишварҳои Аврупо ва Амрико ва ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ фароҳам оварад.
Боиси ёдоварист, ки дар конфронси мазкур ҳудуди 200 бонкҳои бонуфузи ҷаҳон ва зиёда аз 10 000 иштирокчиён гирдиҳам омада, масоили хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳои иштирокчӣ, мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари минтақавии SWIFT Ҳайден Аллан, бо Роҳбари минтақавии маблағгузории савдо ва бонкдории транзаксионии Райффайзен — Бонк Сабине Зухер, бо ноиби Президенти бонки Озар-Турк Орҳан Гадирбай, бо ноиби Президенти иҷроияи Нуролбонк Ҷенк Атмаҷа, бо муовини директори генералӣ Машреқ бонки Аморати муттаҳидаи Араб Муҳаммед Даниш Хан ва роҳбари ҳамкориҳои минтақавии Актифбонк Азад Исмайл мулоқот доир номуда, масъалаҳои хизматрасониҳои муосири бонкӣ, рақамикунонӣ ва баррасии кушодани суратҳисобҳои муросилотӣ байни бонкҳо баррасӣ намуданд.
Дар ин ҳошия, бо роҳбарон ва намояндагони дигар бонкҳои бонуфузи ҷаҳон, ба монанди Societe Generale bank-и Фаронса, Landesbank Baden-Wurttemberg-и Олмон, Bank of China-и Хитой ва дигар бонкҳо вохӯрӣ ва мулоқоти судманд доир намуданд.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ба Pressa.tj хабар доданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ