Дар шумораи №41-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Дар саҳифаи 2-юми ҳафтанома толеъномаи ошиқон барои моҳи октябр пешкаши дилдодагон мегардад. Дар қисмати дувуми саҳифаи мазкур номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хонаи марди ҳиллагар сӯзад!”, “Хушдоманам ба ману шавҳарам рашк мекунад”, “Зан буданро фаромӯш насозед” мутолиа намуда метавонед.

Дар саҳифаи 3-юми ҳафтанома қиссаи “Тамғаи бадномӣ” таҳия гаштааст. Қиссаи мазкур сарнавишти занест, ки як хатои ҷавонияш тамоми умр домангираш гаштаасту зарари он ба фарзандону наберагонаш мерасад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” саволҳои кӯтоҳи динӣ ва посухи онҳо аз ҷониби уламои дин пешкаши хонандагон мегардад.

“Сарнавишти як зани муҳоҷир” оид ба мушкилоти садҳо нафар тоҷиконе нақл мекунад, ки бо фарзандони худ дар кишвари рус ба таълим дар макотиби ин кишвар роҳ дода намешаванд.

Дар саҳифаи 5-уми ҳафтанома ба саволҳои хонандагон дар мавриди масъалаҳои ҳуқуқии марбут ба мушкилоти оилавӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳуқуқшиноси лоиҳаи “Ҳуқуқи ман” посух мегӯяд.

Дар саҳифаи 7 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро аз “Афсӯси Баҳриддини Сабур” то “Авалин клипи Басстер” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи ситораҳо таҳти унвони “Маро зебогиам не, садоям маъруф кард!” маводеро аз зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ҳунарманди эронӣ Муҳсин Ягона мутолиа намоед.

Таҳти рубрикаи “Дарду дармон” дар маводи “Усулҳои халқии табобати хориш ва газаки бачадон?” оид ба табобат ва пешгирӣ намудани иллати мазкур маълумоти мухтасару дақиқ пешниҳод мегардад.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *