Раиси Амонатбонк дар Барселона бо роҳбарони бонкҳои байналмилалӣ вохӯрд

15 май дар шаҳри Барселонаи Шоҳигарии Испания бо ташаббуси Институти умумиҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ (WSBI) ва бо дастгирии бевоситаи Кайша бонки Испания (Caixa Bank) чорабинии «Ташхис оид ба навовариҳои бонкӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур аз 21 кишвари олам роҳбарони беш аз 70 бонкҳои аъзои WSBI иштирок намуданд.

Дар ҳошияи баргузории чорабинии мазкур мулоқоти дуҷонибаи раиси Раёсати Амонатбонк Алиҷон Салимзода бо Директори WSBI Симонс Питер ва раиси Раёсати Кайша бонки Шоҳигарии Испания Хосе Эгнасио баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз натиҷаи баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки омодаанд дар оянда таҷрибаи пешрафтаи Кайша бонкро дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар фаъолияти дигар бонкҳои аъзои WSBI амалӣ намоянд.

Амонатбонк ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва пиёдакунандаи як ҳиссаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамеша кушиш ба харҷ медиҳад, ки дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии кишварро ҷиҳати рушд додани низоми рақамӣ саривақт иҷро намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *