Раиси ҷангал бо ришва ба даст афтод?
Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Панҷакент Лӯъмонзода Нарзулло бо гуноҳи гирифтани 5000 сомонӣ пора боздошт шудааст.
Бино ба маълумоти манбаъҳои гуногун, сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали Панҷакент Лӯъмонзода Нарзулло бо гуноҳи гирифтани 5000 сомонӣ пора боздошт шудааст. Аммо аз сабаби ин, ки ӯ чанд муддат дар беморхонаи бемориҳои қалб бистарӣ буд, дар озодӣ қарор дорад.
Дари ҳуҷраи кории сардори идораи ҷангали Панҷакент феълан муҳр зада шудааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз як шаҳрванд барои кам кардани ҷаримааш барои буридани дарахтон 5000 сомонӣ талаб кардааст.
Гӯё роҳбари идораи хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент аз як нафар шаҳрванд, ки қаблан ба вайрон кардани қоидаҳои ҷангал, аниқтараш барои бурридани дарахтони ҷангал, аз тарафи ҷангалбонон протокол шуда буд, барои кам кардани маблағи ҷаримааш пул талаб мекунад. Ҳангоми гирифтани ин пул кормандони шуъбаи мубориза бо коррупсия Лӯъмонзода Нарзулло, раиси Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангари шаҳри Панҷакентро ҳамчун гумонбар дастгир мекунанд. Ҳанӯз маълум нест, ки ба ба зидди Лӯъмонзода бар асоси моддаи 319 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) парванда оғоз кардаанд ё на. Лӯъмонзода Нарзулло як сол пеш ба вазифаи сардори идораи ҷангали Панҷакент таъин гардида буд. Ӯ то соҳиб шудан ба мансаби давлатӣ ба соҳибкорӣ машғул будааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ