Поммершайм: шаҳрвандон бояд ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд

Шаҳрвандон бояд новобаста аз шаклҳои он, матбуот, радио ё ки нашрияҳои интернетӣ ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд.

Сафири ҷадиди Амрико дар нахустин нишасти хабарии худ гуфт, ки таҳкими истиқлолият ва амнияти марзҳои Тоҷикистон дар увлавияти фаъолияташ қарор хоҳад гирифт.

Ҷон Марк Поммершайм рӯзи 18 март дар нишасти хабарӣ таъкид кард, ки дар самти афзоиши табодули молҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, рушди ҳамкориҳо бо ҳукумати Тоҷикистон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиддан талош хоҳад кард.

Вай дар иртибот ба болоравии қиммати хадамоти Интернет дар Тоҷикистон гуфт, ки ИМА ҳамеша аз дастрасии озод ба Интернет пуштибонӣ мекунад.

Ба эътиқоди дипломат, ки иттилоот дар ҷомеа нақши муҳим дошта, куллияи шаҳрвандон бояд новобаста аз шаклҳои он, матбуот, радио ё ки нашрияҳои интернетӣ ба иттилоот дастрасӣ дошта бошанд.

Ҷон Марк Поммершайм таъкид дошт, дар масъалаи ҳуқуқи башар ИМА бо ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад ва дар ҷаласоти мушоваратии муштараки Тоҷикистону Амрико ва дар мулоқотҳои ҷудогона ин мавзӯъ матраҳ мешавад.

Сафир гуфт: “Мо ба раванди ҳуқуқи башар дар дохили Тоҷикистон мудохила намекунем. Ҳадаф аз мулоқотҳоямон кумак ба ҳукумати Тоҷикистон дар ростои ширкати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар аст”.

Дипломати амрикоӣ гуфт, ки кишвараш дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат мекунад. Зеро ин амр дар таҳкими амният дар минтақа кумак хоҳад кард.

Бино ба иттилои Ҷон Марк Поммершайм, дар соли 2017 танҳо дар доираи Агентии рушди Байналмилалии ИМА- USAID кишвараш барои рушди иқтисоди Тоҷикистон ба миқдори 35 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *