Раиси Исфара ба мактабҳои тоҷикии Қирғизистон китоб дод

Раиси шаҳри Исфара Сиҷоуддин Саломзода ба мактабҳои тоҷикии минтақаи Ӯчқӯрғони вилояти Бодканди Қирғизистон 200 китоби дарсӣ ҳадя кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Исфара хабар медиҳад. Бино бар иттилои манбаъ, Саломзода чанде пеш бо раиси Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Ӯчқурғон Мавлонҷон Абдураззоқов дидор ва мулоқот кардааст.
«Дар раванди мулоқот ба ҳамкории илмиву фарҳангӣ ва ниёзмандиҳои соҳаи маориф дар навоҳии тоҷикнишини кишвари ҳамсоя таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд», — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Ба гуфтаи раиси ҷамъияти Ӯчқӯрғон, дар ин минтақа 8 мактаби тоҷикӣ фаъолият мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *