Модар: Аввал Ҷаҳонгир худкушӣ карду баъд Каримаи ман

Ҳодиса дар давоми ду рӯз, яъне санаҳои 15-16-уми сентябр даст ба худкушӣ задани ду ҷавон дар шаҳри Конибодом  давоми 10 рӯз аст мавзӯи асосии сӯҳбату баҳс гардидааст. Атрофи ин ҳодиса на танҳо дар шаҳри Конибодом, балки тамоми минтақаи Суғд тахмину гумон   ва фарзияҳо зиёданд.

 Яке модари ҷавонро айбдор мекунад, ки берозии писараш ба ӯ духтари ношиносро номзад кардааст. Дуюмӣ худи ҷавонро айбдор мекунад, ки  бо иродаи сусташ ҳам худро нобуд карду ҳам сабаби худкушии духтар гашт. Сеюмӣ волидони ҳардуро сабабгор мешуморанд, ки бояд байни худ не, балки бо фарзандонашон маслиҳат карда баъд қудоӣ мекарданд… Сеюмӣ ҳама ҳодисаи ба сари ин ду  оила омадаро аз  тақдиру насиб медонист.  Аз ин рӯ

Барои рӯшанӣ андохтан ба ҳодиса донистани роҳ пеш гирифтем сӯи макони рӯйдоди он- деҳаи Файзбори ҷамоати Ҳамробоеви шаҳри Конибодом,  то бо наздикони марҳумон сӯҳбатеро анҷом диҳем:

-Барои забони рӯсиро омӯхтану дар оянда азоб накашидани Каримаи ғӯрамаргам ӯро ба мактаби русӣ дода будам. То синфи 7-ум шуданаш мо дар давлати Русия зиндагӣ мекардем. Дар ин муддати раҳматии Карима русиро хуб омӯхт ва мо ба шаҳр баргаштем.  Баъди баргаштан 2 сол дар мактаби №-2-и ҷамоат (ҷамоати Ҳамробоев) хонду баъдан ба Омӯзишгоҳи педогогии шаҳри Конибодом таҳсилашро идома дод.

Ҳоло ба соли корияш як сол нашуда  буд, ки  аз маркази шаҳр як зан ба хостгорӣ омад. Хулоса то ин дам хостгорҳояш зиёд буданд, вале Карима сар намефаровард. Баъди ҳамон зан омадан розӣ шуд ва санаи 23-июл Каримаро ба Атаев Ҷаҳонгир фотеҳа кардем. Аммо намедонистем, ки ҷавон каси дигарро дӯст медоштааст. Як рӯз ба духтарам гуфтааст, ки…-нақл кард модари марҳум Ҳалима Шукурова.

Идомаашро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “ОИЛА” мутолиа  намоед.

                                                                                    Фарзона Муродӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *