Раиси нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар Суғд интихоб шуд
Ҷаҳонгир Салимзода раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд интихоб шуд. То ин муддат ба ҷойи ӯ Мирзоқосим Каримзода фаъолият мекард ва ахиран номбурда муовини раиси ҲХДТ интихоб гардид.
Салимзода Ҷаҳонгир 42 сол дошта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси филолог ва Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷандро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро дар соли 2004 ҳамчун омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намудааст.
Солҳои 2008 — 2009 муовини раиси ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2009-2010 сардори нозироти мизи баҳисобгирии ҳарбии ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2010-2011 минҳайси мутахассис дар умури котиботи раиси вилояти Суғд ва шуъбаи иттилоотию таҳлилии Хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят фаъолият намудааст.
Баъдан дар вазифаҳои директори Муассисаи давлатии “Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд ва сардори Агентии назорат дар соҳаи маориф фаъолият дошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ