Раиси ноҳия зани соҳибкорро латтукӯб кард
Раиси ноҳияи Косони Ӯзбекистон Бахтиёр Раҷабов соҳибкори маҳаллӣ Фазилат Нормуродоваро, ки мехост, 11 сентябр ба қабулгоҳи сайёри президент дар робита ба масъалаи замин шикоят кунад, дар назди мардум таҳқир ва латтукӯб кардааст.
Фазилат Нормуродоваи 49-сола дар бозори ноҳияи Косон савдо мекунад. Ӯ мегӯяд, 11 сентябр вақте ба қабулгоҳи мардумӣ рафт, то ба намояндагони маъмурияти президенти Ӯзбекистон шикоят кунад, раиси ноҳия ӯро латтукӯб кард.
«Вақте ман рафтам, Раҷабов дар утоқи корияш буд. Аз ӯ пурсидам, ки намояндагони маъмурияти президент омаданд, ё не, ӯ дар ҷавоб гуфт, «ту шикоятчӣ ҳамеша ба сомонаи президент менависӣ». Ман ҳам посух додам, ки сомона бо ташаббуси президент таъсис дода шудааст ва аз бинои ҳукумат баромадам», — афзуд Нормуродова.
Ба гуфтаи Нормуродова, суҳбати дувуми онҳо дар берун сурат гирифтааст ва ӯ бори дигар хостааст, ки мушкилашро ҳал кунанд. «Вале раиси ноҳия дар посух дашном дода, гуфт, ба ҳар ҷое мехоҳӣ, шикоят кун. Ман ҳам ба суханҳои ӯ посух додам, дар натиҷа ӯ омада бо як дасташ маро бӯғӣ карда, бо дасти дигараш зад. Чанд мард омада, моро ҷудо карданд ва дар ҳамин вақт Раҷабов бо пояш ба шикамам зад, ки ба замин афтидам», — изҳор дошт соҳибкор.
Вале раиси ноҳияи Косон дар як суҳбати телефонӣ иддаои Нормуродоваро рад кард. «Ин гапро аз куҷо гирифтед, ки ман он занро задаам. Чи мо дигар кор надорем? Мо талош дорем, хеле тағйироти хуб шудааст. Вале шумо ин ҳамаро нодида гирифта, маро ба латтукӯби зане айбдор мекунед», — афзуд Раҷабов.
Дар Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфтанд, ки дар асоси шикояти Нормуродова санҷиш оғоз шудааст. Ёдрас мешавем, пештар низ хабар дода буданд, ки Раҷабов зертобеони худро таҳқир ва латтукӯб мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ