Чавгон ё хокбозӣ …

Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода

Боварнакарданист, ки дар ноҳияи Мастчоҳ – ноҳияе, ки мардумаш эътиқоди сахт ба расму оинҳои динию бобоӣ дорад, ба духтаронашон иҷозати варзишгарӣ ва аз ин ҳайратовар —  чавгонбозӣ медиҳанд, ки онҳо ҳатто дар мусобиқаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок  карда, унвони чемпиониро соҳиб мешаванд. Бинобар гуфтаҳои мураббии Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии вилояти Суғд” Қувондиқ Бердиев, айни замон чавгонбозии духтарон дар миёни 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд танҳо дар ноҳияи Мастчоҳ  дар ҳоли рушд аст, ки он ҳам ба дастгирии ҳамаҷониба ниёз дорад.

Қ. Бердиев, ки хатмкардаи  Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба ном Саидмуъмин Раҳимов аст, 35 сол пеш дар зодгоҳаш Ҷамоати деҳоти “Навбаҳор”-и ноҳия ба варзиши чавгонбозӣ даҳҳо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои ҳудуди ҷамоат, аз ҷумла духтаронро ҷалб намуд. Барои машқу тамрин дар ҳудуди анборхонаи партове майдони чавгонбозӣ сохтанд, ки заминаш хокист. Давоми 35 сол аст, ки аз он истифода мебаранд.

-Барои аз байн нарафтани чавгонбозӣ ҳамин ҷоро  аз сангу партовҳо тоза карда, барои варзишгарон шароит сохтам. Ҳар пагоҳӣ аввалин коре, ки ман мекунам, як сатилро гирифта, тамоми дохили варзишгоҳро об мезанам,  то дами духтарон омадан хок нишинад ва онҳо роҳат машғули бозӣ шаванд. Агар ин корро накунам, духтарон ба  ҷои чавгонбозӣ  хокбозӣ мекунанд, — меафзояд ҳамсуҳбати мо.

Аз ин майдон даҳҳо духтар маҳорати варзишии худро сайқал дода, шаҳди пирӯзиро дар мусобиқаҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ борҳо чашидаанд. Аммо таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба чавгонбозон қариб ки зоҳир намешавад. Аз чавгонбозон фақат дар арафаи чорабиниҳои муҳими варзишию фарҳангӣ ҳангоми ташрифи шахсони воломақоми вилояту ҷумҳурӣ ба ёд меоранд, то нишон диҳанд,  ки варзиш дар ноҳия рушд дорад.

— Ҳол он ки барои варзишгарони мо лавозимоти чавгонбозӣ – либос, чавгону гуй ва барои ширкат дар мусобиқаҳо, ҳавасмандсозии беҳтаринҳо маблағи муайяне ниҳоят зарур аст, — мегӯяд мураббӣ Қувондиқ Бердиев.

Алҳол чавгонбозӣ – намуди олимпӣ миёни ҷавонону духтарон ба ғайр аз ноҳияи Мастчоҳ дар ноҳияи Ашту  шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, ноҳияҳои Муъминободу Ҳамадонии вилояти Суғд, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе  роғибони худро дорад, ки ин барои Тоҷикистон – ватани чавгонбозӣ хеле кам аст. Бинобар ин, чавгонбозони тоҷик танҳо дар деги мушкилоти худ ҷӯшида, ба мусобиқаҳои байналмилалӣ рафта наметавонанд.

-Мушкилоти дигари чавгонбозони Мастчоҳ ин надоштани шиносномаи хориҷист. Аз ин рӯ, мо барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалии чавгонбозӣ, ки дар кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистон  баргузор мешаванд, дархост дода наметавонем. Агар мо дастгирии ҳамаҷонибаи масъулони варзишро дошта бошем, берун аз кишвар низ шаҳди ғалабаро чашида, шарафи варзишии Ватанамонро ҳифз карда метавонем, — мегӯяд Қ. Бердиев.

Оре, мушкилоти духтарони чавгонбоз, умуман, варзиши чавгонбозӣ, хеле зиёд аст. Аммо дилпурии мураббии духтарони чавгонбози мастчоҳӣ дар он аст, ки дастаашон дар замони соҳибистиқлолӣ эҳё гардида, солҳои 2011, 2013, 2014 – 2018 6 бор унвони чемпиони Тоҷикистонро сазовор гардида, зинаҳои ифтихории дуюму сеюмро борҳо соҳиб шудааст. Онҳо метавонанд дастовардҳои чавгонбозони  замони шӯравии Тоҷикистон – дастаҳои “СКИФ (“Ҳосилот”) ва Суғдиён”-ро такрор намоянд.

Айни замон, дар Мастчоҳ беш аз 70 духтари то 30-сола таҳти тамрини Қувондиқ Бердиев маҳорати чавгонбозии худро сайқал дода, дар се гурӯҳ ба мусобиқаҳо омода мешаванд.

— Менталитет дар ҳар минтақа ҳар хел аст,  маҳз дар масъалаи духтарон, — изҳори андеша мекунад Қ, Бердиев, — Дар ноҳияи Мастчоҳ ҳам барои таҳсил ва ҳам барои варзишгар шудани духтарон  монеъаҳо вуҷуд доранд, вале ба ин нигоҳ накарда ҳамасола даста даста духтарон барои шогирдӣ меоянд. Сабабаш дидани ғолибияти духтарони фаъоли чавгонбози ҷамоати деҳоти “Навбаҳор Гавҳарой,, Озода ва Уғулой Оқуловаҳо, Маҳлиёву Зарнигор Нурчаеваҳо, Азиза Бердиева, Севара Туранова, Мадина  Раҳмонова ва дигарон аст, ки дар мусобиқаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Дар ин комёбиҳо саҳми мураббиён аз шаҳри Хуҷанд Раҳимҷон Ахмедов, Тутинисо Султонов, Марина Самиева назаррас мебошад.

Дастаи духтарони чавгонбози ноҳияро бештар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд  ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ ва сафарбар мекунад. Инчунин, онҳо аз дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бархӯрдор мебошанд. Агар шароити машқу тамрин дар майдони замонавӣ ҷараён дошта бошад, имкони ширкати чавгонбозони ноҳия дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бештар фароҳам меояд.

Эмом Назаров,

Фарзона Муродӣ,

“Тоҷикистон”

                                                                      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *