Раиси Панҷакент муҷассамасози тоҷики муқими Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

Муҷассамасози номвари тоҷики маскуни  Фаронса — сафири сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, узви Академияи санъати Русия, зодаи деҳаи Мазори ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ Амриддин Аминов пас аз панҷ сол ба зодгоҳаш омадааст. Ӯро раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ҳузур пазируфтааст.

Раиси шаҳр муҷассамасози номварро ба зодгоҳаш хайрамақдам гуфта, иброз доштааст, ки ба ҳунари ӯ дар марказҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла осорхонаи Луври Париж баҳои баланд додаанд.

Амриддин Аминов мегӯяд, ки дар ин панҷ сол шаҳр симояшро тағйир дода, боз ҳам ободу зебо гаштааст ва ӯ мехоҳад аз имконият ва робитаҳое, ки бо шахсиятҳои номвари ҷаҳон дорад, дар рушду ободии диёраш саҳм гузорад.

Амриддин Аминов зимни суҳбат бо Холиқзода пешниҳод намудааст, ки дар шаҳри Панҷакент гиромидошти хотираи Раҳматбой Раҳимов — доктори илмҳои таърих, мардумшиноси номвар, ки зодаи ин шаҳр аст ва дар таҳқиқи таърих, ҳунар, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик саҳми арзанда гузоштааст, ҳамзамон бунёди маҷмааи фароғатии ҳозиразамон, гулгашт бо муҷассамаи саромади адабиёти тоҷикӣ- форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар бузургони адаби миллат, осорхонаи намунаи офаридаҳояш дар шаҳри Панҷакент ташкил ва таъсис дода шавад.

Холиқзода пешниҳодҳои Аминовро бо хушнудӣ пазируфтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *