Ректори ДДОТ: Хобгоҳҳоро барои донишҷӯён омода месозем

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиддан тасмим гирифтааст, ки хобгоҳҳоро барои донишҷӯён пурра омода созад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як машварати корӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҳамаи деканони факултаҳо ва муовинони ректор баҳри то оғози соли нави таҳсил аз таъмир баровардан ва омода намудани хобгоҳҳо ҷиҳати қабули донишҷӯён ҳамчун масъул вазифадор гардида буданд.

Дар ин замина, ба хотири беҳтар намудани шароити зист дар хобгоҳҳои №2, 3 ва 7-и донишҷӯён як қатор корҳои таъмиру тармими дастаҷамъона бо иштироки деканону омӯзгорони факултаҳо анҷом дода шудааст.

Гуфта мешавад, ки масолеҳи таъмир пурра аз ҳисоби раёсати донишгоҳ таъмин гардида, инчунин бо дастури ректори донишгоҳ шуруъ аз оғози соли нави таҳсил ба 1300 рахти хобе, ки барои донишҷӯён пешбинӣ шудааст, рӯйпӯшҳои тозаву озода аз ҳисоби донишгоҳ таъмин карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *