Раиси собиқи парлумон Алмосбек Отамбоевро ба суд медиҳад

Ахматбек Келдибеков, раиси пешини порлумони Қирғизистон дар мусоҳиба бо телевизиони «NUR TV» гуфт, ки тасмим дорад, Алмосбек Отамбоев — президенти пешини ин кишварро барои изҳороти охираш ба додгоҳ кашад.

«Дар суханрониаш вай шаъну шарафи одамро паст мезанад. Ман ӯро барои иснод оварданаш ба номи ман, ба додгоҳ мекашам. Агар вай ҳарфҳояшро дар додгоҳ исбот накунад, ман талаб мекунам, ки вай ба ҷавобгарӣ ҷалб шавад», — гуфт Келдибеков.

Алмосбек Отамбоев 10 декабр дар мусоҳибааш бо телевизиони «Апрел» гуфт, ки Ахматбек Келдибеков дар фаъолиятҳои фасодолуд даст дорад.

«Мехоҳанд одамонро нобино кунанд. Мехоҳанд, нишон диҳанд, ки миёни сарвати аз роҳи ҳалол ба даст омада ва сарвати дуздидашуда фарқияте нест. Ҳамон Келдибекову Тюлеев фарёд мезананд, ки «бояд Отамбоев ҳабс шавад», ҳамонҳое ки ҳангоми фаъолиятҳояшон дар сохторҳои давлатӣ ба сарватмандӣ расиданд. Киро бояд ҳабс кард? Касонеро, ки бо ғорати давлат ба сарватмандӣ расиданд, ё касеро ки бо меҳнати ҳалол сарват ба даст оварда, дар замини аҷдодиаш хона сохтааст? Ҳукумати феълӣ, мебинам, ки бо дуздону туҳматгарон забон як кардааст. Ва ҳатто аз онҳо ҳимоят мекунад, ки албатта, мояи ҳайрат аст», — гуфта буд Отамбоев.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *