Раиси Суғд ҳамсари нависандаи зиндаёд Ибод Файзуллоро аёдат кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Бӯстон ҳамсари нависандаи зиндаёди тоҷик Ибод Файзуллоро аёдат кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят зимни суҳбат аз фаъолиятҳои Ибод Файзулло дар нашрияҳои «Тоҷикистони Советӣ», «Комсомоли Тоҷикистон», «Паёми Душанбе» ва идораҳои давлатӣ ёдовар шуда, иброз доштааст, ки хизматҳои арзандаи чунин шахсон барои насли ҷавон намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш аст.
— Ба ин оила аз ҷониби роҳбари вилоят кумакҳои моддӣ дастрас карда шуд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ