Аҳмадзода собиқадорони соҳаи тандурустиро аёдат кард

Ба муносибати Иди касбии табибон — 18-уми август, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷумла ба манзили Инобат Тӯрабоева, Марҳабо Зокирова, Муҳаббат Ғиёсова ва Каромат Умарова ташриф оварда, онҳоро бо иди касбиашон табрик гуфтааст.

Дар суҳбат бо собиқадорон таъкид карда шудааст, ки давлату Ҳукумат ҳамеша меҳнати фидокоронаи кормандони соҳаи тибро қадр мекунад. Раиси вилоят иброз доштааст, ки маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар панҷ соли охир ба андозаи 225,3 миллион сомонӣ афзуда, соли равон аз буҷаи вилоят ба ин соҳа 597,9 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Гуфта мешавад, ки соли равон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорону шахсони саховатманд сохтмон, таъмир ва азнавсозии 152 муассисаи соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *