Раиси Суғд ба занҳо 420 ҳазор сомонӣ грант супорид

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, 14-уми декабри соли 2021 дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими супоридани грантҳои раиси вилоят ба занони ҳунарманду эҷодкор баргузор шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба 60 нафар занону духтарон барои рушди ҳунармандӣ ва татбиқи лоиҳаҳое, ки дар озмун барои дарёфти грантҳо ғолиб омадаанд, 420 ҳазор сомонӣ грант супорид. Аз ҷумла, 15 нафар грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 нафар грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 нафар грант дар ҳаҷми 5000 сомониро соҳиб шуданд.

— Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими супоридани грантҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа тадбирҳои муҳим меандешад. Бо мақсади ба шуғли манфиатнок ҷалб намудани занон ва мусоидат дар рушди ҳунармандӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола грантҳои президентӣ ҷудо гардида истодааст. Дар вилояти Суғд низ бо ин мақсад грантҳои раиси вилоят таъсис дода шудааст, ки ҳадаф аз он дастгирии занону ҳунарманду эҷодкор мебошад,- меафзояд манбаъ.

Изҳори боварӣ карда шудааст, ки занону бонувон бо истифода аз маблағҳои грантӣ лоиҳаҳои худро пурра татбиқ намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунармандӣ мусоидат менамоянд.

Сипас, ба ғолибони Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» низ диплом ва мукофотпулиҳо супорида шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адрас» бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариши истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардида буд. Ҳакамони фестивал-озмун аз рӯи бахшҳои гуногун ғолибонро муайян намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *