Нисбати падари Комроншоҳ Устопириён парванда оғоз карда шуд

— Дар як садамаи нақлиётӣ, ки шоми 10-уми декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шимоли Тоҷикистон рух додааст, як марди 50-сола ҷон бохтааст,- иттилоъ дод сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд Акбар Шарифӣ .

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи мошини «КИА СПОРТЕҶ» Усто Устопиров пиёдагард — марди 50-соларо, ки аз тарафи рост ба чап мегузаштааст, пахш мекунад. «Дар натиҷа пиёдагард аз захмҳои бардоштааш вафот мекунад»,- таъкид доштааст манбаъ.

Усто Устопириён — падари паҳлавони шинохтаи Тоҷикистон Комроншоҳи Устопириён дар робита ба ин ҳодиса ба «беэҳтиётӣ» гумонбар мешавад.

Тафтишоти ин ҳодиса аз сӯйи муфаттишони раёсати Вазорати корҳои дохилӣ идома дорад.

Усто Устопириён бо модаи 212, яъне «вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт» муттаҳам мешавад.

Бояд гуфт, ки Усто Устопиров — падари Комроншоҳ Устопириён устоди шинохтаи варзиши гӯштин дар Тоҷикистон аст. Вай дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мактабҳои варзишӣ дорад ва ба даҳҳо ҷавон намудҳои варзиши гӯштинро меомӯзонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *