Раиси вилоят бо ҳамасараш дар бемористон бистарӣ шуданд

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Хоруғ бистарӣ шудааст.

Бархе  аз гирифтории ӯ ба коронавирус ҳадс мезананд, аммо 26 май ӯ дар тамоси телефонӣ ба “Озодӣ” гуфтааст, ки «як табобати зиддивирусӣ мегирад» ва «анализ ба Душанбе фиристода шуд ва ҳанӯз ҷавобаш нест».

«2-3 табобат гирифтам ва иншоаллоҳ, баъди 1-2 рӯз пурра ба кор мебароям. Ҳоло бо телефон бо кормандон ва баъзе маризон дар тамос ҳастам», — гуфт ӯ.

Ӯ нагуфт, ки то куҷо нишонаҳои илтиҳоби шуш дорад, вале гуфт, ки «чун дигарон табобати зиддивирусӣ» мегирад. Ёдгор Файзов инчунин, тасдиқ кард, ки дар беморхона ҳамроҳ бо ҳамсараш бистарӣ аст. Аммо ҳамсараш фардо аз беморхона рухсат мешавад.

Гуфта мешавад, ки аз оғози пандемия дар ВМБК 970 нафар бистарӣ шуданд ва гирифтори COVID-19 гаштани 6 сокини вилоят тасдиқ шуд. Ёдгор Файзов гуфт, «11 шахси дучори бемориҳои дигар ва асосан аз 70-сола боло фавтиданд. 398 нафар ҳанӯз дар табобатанд ва дигарҳо аз беморхона озод шуданд».

Ёдгор Файзов 59 сол дошта, баъди солҳои тӯлонии кор дар сохторҳои Бунёди Оғохон соли 2018 раиси вилоят таъин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *