Раиси вилояти Суғд дар “Олами ангур”
Дар ноҳияи Ашт раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Олами ангур» ҷамъоварии ҳосили ангурро мавриди таваҷҷуҳ қарор додааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар хоҷагии деҳқонии мазкур ҳар қитъаи замин мақсаднок истифода гардида, майдони ток сол аз сол васеъ карда мешавад. Дар хоҷагӣ навъҳои гуногуни ангур истеҳсол шуда, ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Россия содирот мегардад.
Раиси вилоят ба фаъолияти хоҷагидорон баҳои баланд дода, истифодаи таҷрибаи онҳоро дар дигар минтақаҳо зарур шуморидааст. Маълумот дода шудааст, ки ангур дар шакли тар ва ҳам хушк содирот шуда, харидорони худро дорад.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Суҷа» аз майдони пахта боздид намудааст. Аъзои ин хоҷагӣ асосан ба парвариши пахта машғул буда, ҳамасола нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро менамоянд. Раиси вилоят барои сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ тавсияҳо дода, таъкид кардааст, ки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокӣ бояд нақшаи истеҳсоли пахта барзиёд иҷро карда шавад.
— Дар ҶДММ “Рахшона” бо истифода аз роҳҳои нави моҳипарварӣ дар рушди ин соҳаи сердаромад саҳм гузошта мешавад. Айни замон дар се ҳавзи ин ҷамъият ба таври инноватсионӣ парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст. Зимни боздиди раиси вилоят аз афзалият ва муҳимияти ин тадбир иттилои бештар дода шуд. Моҳипарварони вилояти Суғд аз дастгириву имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат бархӯрдоранд ва барои рушди ин соҳаи ояндадор таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ