Эрон дар Душанбе ғолиби мусобиқаи футзал шуд

Дар Душанбе нахустин мусобиқаи тимҳои миллии футзал таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ба анҷом расид. Тими миллии Эрон барандаи Ҷоми футзали CAFA-2023 гардид.

Тими Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ аз тими Эрон бо ҳисоби 0:1 шикаст хўрд. Дар ду вохўрии дигари даври охир Ӯзбекистон аз Қирғизистон пурқувваттар буд — 4:0 ва Афғонистон бар Туркманистон — 3:2 пирўз шуд.

Ҳамин тавр, тими Эрон барандаи мусобиқаи CAFA Futsal Cup-2023 гардид, ки дар панҷ бозии баргузоршуда 12 имтиёз ба даст овардааст. Медалҳои нуқра насиби дастаи мунтахаби Афғонистон (10 имтиёз) гардид. Зинаи сеюмро дастаи мунтахаби Ӯзбекистон (9 имтиёз) соҳиб шуд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳафт имтиёз дар зинаи чаҳорум қарор гирифт. Дастаи Пайрав Воҳидов бар дастаҳои Туркманистон (4:2) ва Қирғизистон (5:3) ғолиб омада, бо Афғонистон (2:2) мусовӣ карда, аз дастаҳои Ӯзбекистон (2:4) ва Эрон (0:1) шикаст хўрд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» насиби тими миллии Тоҷикистон гардид. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари тими миллии Ӯзбекистон Хусниддин Нишонов шуд, ки панҷ гол зад. Дарвозабони эронӣ Маҳдӣ Рустамӣ беҳтарин дарвозабони ин мусобиқа дониста шуд. Арзишмандтарин бозигари мусобиқаи CAFA Futsal Cup-2023 бозигари тими миллии Эрон Алӣ Акрамӣ эътироф шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *