Кӣ суратҳисобҳоро лағв кард?

Сардори шабакаҳои барқи минтақаи Кўлоб Темур Табарзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки дар нимсолаи якуми соли 2023 суратҳисобҳои онҳо баста буд. Ба гуфтаи ӯ, ин боиси он гардидааст, ки бисёр нақшаҳо иҷро нашаванд.

Аз ҷумла, дар минтақа аз ҳудуди 10 ҳазор симчӯбҳои фарсуда танҳо каме бештар аз 700 ададаш иваз карда шудааст. Ё чорабиниҳои мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳамагӣ 12 фоиз иҷро шудааст. Бисёр ба мушоҳида мерасад, ки дар 86 маҳаллаи навбунёд аксаран худи сокинон хатҳои барқро худсарона ба хонаҳояшон мекашанд. Дар боби беҳгардонии ин вазъ мақомоти ҳокимиятҳои маҳаллӣ масъулият ҳис намекунанд.

Дар назди идораи шабакаи барқи минтақа мошинҳои боркаши бозори болотари масолеҳи сохтмонӣ соатҳои дароз таваққуф мекунанд. Вале барои ислоҳи ин кор зӯру тавони РВКД-и минтақаи Кўлоб, БДА-и он нарасида истодааст.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *