Раисии СААД аз Россия ба Тоҷикистон гузашт

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД нимаи аввали соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт. Ин тасмим 17-уми ноябр дар ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гирифта шуд.

Ҷониби Тоҷикистонро дар ин ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода намояндагӣ кард. Ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бинои бар иттилои «Ховар», зимни ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои таъмини амният дар ҳудуди масъулияти Созмон, ҷараёни ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД дар таъмини амнияти тиббӣ-биологӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро, андешидани тадбирҳои пешгирии ин тамоюл мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба паҳн гаштани бемории сироятии КОВИД-19 ибрози ақида намуда, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолати ҷойдошта фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро зарур шумориданд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз замони хурӯҷи ин бемории сироятӣ ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монда, дар самти пешгирӣ ва муолиҷаи беморон тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Зимни баргузории ҷаласа таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо кишварҳои СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мароқ зоҳир карда, дар ин самт дар доираи сиёсати дарҳои боз пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ месозад.

Дар ҷаласа изҳороти котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД «Дар бораи таҳкими ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамоҳангсозӣ бо мақсади мубориза бо терроризми байналмилалӣ, паҳн кардани ғояҳои террористӣ ва экстремистии ба он алоқаманд» қабул гардид.

Ҳамчунин, дар анҷоми ҷаласа якчанд санадҳои дорои аҳамияти муҳим қабул гардиданд ва раисии созмон аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Аз ин рӯ бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД нимаи аввали соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *