Чаро тоҷикон англисиро намедонанд?

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сатҳи дониши англисӣ аз сад ҷои имконпазир танҳо  садумро гирифт.

 Тоҷикистон дар зинаи охирини раддабандии EF Index Proficiency Index (EF EPI) 2020 қарор дорад. Дар маҷмӯъ, рейтинг 100 кишварро дар бар мегирад, ки ҷойҳо дар байни онҳо аз рӯи натиҷаҳои санҷиши зиёда аз 2 миллион нафар одамони синнашон аз 18 боло тақсим карда шудаанд.

Ҳамзамон, якҷоя бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Афғонистону  Қазоқистон ба категорияи «Сатҳи хеле паст» шомил карда шудаанд. Дар Туркманистон ягон омӯзиш гузаронида нашудааст. Гузоришгарон ба сегонаи беҳтаринҳои аввал, ки  дониши беҳтарини забони англисӣ нишон додаанд, Ҳолланд, Дания ва Финландияро шомил кардаанд.Русия дар ин рейтинг ба зинаи 41-ум баромадааст.Тибқи ин таҳқиқот гуфта мешавад, сатҳи миёнаи дониши англисӣ дар саросари ҷаҳон беҳтар шуда истодааст.Президенти Молдова Майя Санду вақти вазири маориф буданаш дарси англисиро дар ҳамаи синфҳо ҳатмӣ ва русиро ихтиёрӣ кард буд. Ҳоло молдаванҳо дар забондонӣ аз бисёр кишварҳо пеш гузаштанд. Чун бе англисӣ имруз муваффақ шудан мумкин нест, шояд вазорати маорифи Тоҷикистон низ чунин тасмим гирад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *