Раисон дар пахтачинӣ
Дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон маъракаи густурдаи ҷамъоварии пахта идома дорад. Аҷиб он аст, ки имсол дар баробари деҳқонон мансабдорон ҳам ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта баромадаанд.
Аз ҷумла беш аз 500 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу ҳунар, молия, адибону собиқадорон бо сарварии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба кумаки пахтачинҳо рафтаанд. Дар шабакаи иҷтимоӣ навиштанд, ки раиси вилояти Суғд дар рӯзи зодрӯзаш (17-уми сентябр) дар пахтазор буд.
Ин таҷриба дар вилояти Хатлон низ ҷараён дорад. Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо мақомдорони вилоят аз майдонҳои кишти пахта дидан карда, худаш низ фаъолона пахта мечинад. Ӯ ҳамчунин бо пахтачинҳо суҳбат ороста, хостори ҷамъоварии беталафи ҳосил мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ