Раисони Хуҷанд ва Истаравшан иваз карда шуданд

Имрӯз, 31-уми март Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ду шаҳри вилояти Суғдро иваз намуд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Шарифзода Шариф Файз, раиси шаҳри Хуҷанд ва Наим Набизода, раиси шаҳри Истаравшанро бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод намудааст.

Ҳамчунин, бо фармони Президенти ҷумҳурии  Тоҷикистон Баҳром Иноятзода ба вазифаи иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *