Зебосанамҳо интихоб шуданд (аксҳо)

Санаи 31-уми март дар идораи ҳафтаномаи “Оила” маросими ҷамъбасти озмуни “Зебосанами фатиламӯй” баргузор гашт.

Ғолибонро сардабири ҳафтаномаи “Оила” Фирӯза Сатторӣ ва сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдумудассир Аҳмадзода табрику муборакбод гуфтанд, сипас намояндаи толори ҷавоҳироти  “Тоҷи Зарин” Фирӯзабону туҳфаи ин ширкатро ба ғолиби озмун Наргис Асророва супурд. Ширин Нигматова ва Париваши Аҳлиддин зинаҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуда, сазовори дипломи озмуни “Зебосанами фатиламӯй” гаштанд.

 

Сарояндаи шинохтаи кишвар Наимҷони Сайдалӣ ва ҳофизи ҷавону умедбахш Манучеҳри Баҳрулло ба табрики гулдухтарон омада, бо таронаҳои ҷаззоби ошиқонаашон хотири ғолибони озмунро шод гардониданд.

Суҳбати хабарнигори моро бо ин се зебосанами фатиламӯй дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа хоҳед кард.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *