Раисро барои беиҷозат ба хонаи мардум даромадан ҷазо медиҳанд
Раиси як идораи давлатиро дар шаҳри Турсунзода барои вайрон кардани қонуни «дахлнопазирии манзил» ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Додситонӣ Ҷаҳонгир Равшанов ва як зердасташро ба он муттаҳам медонад, ки ҳангоми «сарбозшикор» ба хонаи зане бе иҷоза ворид шудаанд. Зан мегӯяд, ҳодиса 18-уми ноябри имсол рӯй дод ва дар натиҷа фарзанди хурдсолаш тарсиду бемор шуд. Равшанов иддао дорад, ки даҳонӣ иҷоза гирифта буданд. Як манбаъ дар Додситонӣ рӯзи 2-юми декабр бе зикри номаш гуфт, Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода, дар хонаи зан писари ҳамсояро кофтукоб кардаанд, то ба артиш фиристанд. Ӯ гуфт, «дар пайи аризаи зан ва суҳбат бо шоҳидон, нисбати раиси идора парвандаи ҷиноӣ боз шуд.» Ин зан, ки хоҳиш кард, номаш зикр нашавад, гуфт, сардори Идораи хадамоти манзилию коммуналии шаҳр ва ҳамроҳонаш бе иҷозат дарро зада, хонаашро кофтанд. Вай гуфт, он ҳангом дар хона набуд ва аз ин амал духтари хурдсолаш тарсида, бемор шудааст. Ҷаҳонгир Равшанов, сардори Идоари хадамоти манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода, дар суҳбат гуфтааст,ки воқеан вориди хонаи ин зан шуда буданд, аммо аз фарзандаш иҷозат гирифтанд. «Ба мо хабар доданд, ки писари ҳамсоя дар он ҷо пинҳон шудааст ва барои ҳамин рафтем», — гуфт ӯ. Ин мақомдор афзуд, ӯ узви Кумисюни даъвати ҷавонон ба артиш аст ва ҷавонеро ҷустуҷӯ мекард, ки аз рафтан ба артиш сарпечӣ мекард. Дар ҳар сурат, додситонӣ ин амалро хилофи қонун донистааст. Бе иҷозати соҳибхона ё додгоҳ ворид шудан ба хонаи мардум дар Тоҷикистон ҷиноят дониста мешавад, аммо маъмулан ин банди қонун хеле кам риоят мешавад. Порлумони Тоҷикистон соли 2016 қонунеро қабул карда буд, ки ба ниҳодҳои амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳои истисноӣ ҳақ медод, ба хонаҳои шаҳрвандон бе иҷоза дароянд. Мақомот он замон гуфта буданд, дар баъзе маврид маҳз ҷараёни гирифтани иҷозатнома барои ворид шудан ба манзили гумонбар фурсати сари вақт боздошт шудани муттаҳамро аз байн мебарад. Порлумон пас аз як сол онро бекор кард.
озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ