Рамазон Раҳимзода: Ҷинояткорӣ сол ба сол кам шуда истодааст

Соли 2022 дар ҷумҳурӣ 22 481 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 1637 ҳолат кам мебошад.

Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода — вазири корҳои дохилӣ зимни нишасти хабарии ин ниҳод қайд намуд. «Ҷинояткорӣ сол ба сол кам шуда истодааст»,- гуфт Рамазон Раҳимзода.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар соли гузашта 14612 ҷиноятро ошкор намудаанд ва аз ин шумора кушодашавии ҷиноятҳо 82,3 фоизро ташкил медиҳад.

Тавре зикр гардид, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 23 ҳолати ҷинояти таҷовуз ба номус ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 2 ҳолат кам аст. Аз ин шумора 3 ҳолати таҷовуз ба номус нисбати ноболиғон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *