кафедраи харби

Ифтитоҳи кафедраи ҳарбӣ дар ҳошияи 30-солагии Артиши миллӣ

Бахшида ба 30 –солагии Артиши миллӣ дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ расман ба фаъолият оғоз кард.

Бино ба иттилои масъулини донишгоҳи мазкур, дар маросими оғози кушодашавии кафедраи ҳарбӣ намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки таъсиси кафедраи ҳарбӣ дар назди донишгоҳи мазкур тақозои замон аст. Зимни баргузории  машғулиятҳои назариявию амалӣ донишҷўён маълумоти зарурии ҳарбӣ мегиранд ва барои  хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омода мешаванд.

“Ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шудани ҷавонони маълумоти олидор боиси беҳтар гаштани сифати омодагии низомӣ мешавад. Ҳамчунин, хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагию диловарӣ, нангу номус ва ватанпарастӣ буда, ҷавононро рӯҳану ҷисман обутоб  медиҳад”,-иттилоъ доданд масъулини ин муассисаи олӣ.

Донишҷӯён барои таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ аз курси 2 –юм қабул гардида, соҳиби рутбаи лейтенанти хурд ва билети ҳарбӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *