Рамазон Раҳимзода : Ба теарт рафтани милисаҳо ҳатмӣ аст!
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дастур додааст, ки ҳар кадом милисаи тоҷик ҳадди ақал дар як моҳ як маротиба ба театр равад.
Ин дастур дар ҳоле содир шудааст, ки ҳафтаи гузашта Рамазон Раҳимзода ҳамроҳи як ҳайати Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба тамошои намоишномаи «Чархи гардон»-и Нур Табаров ба театри Лоҳутӣ рафта буд.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ба театр рафтани кормандони пулис барои боло бурдани сатҳи фаҳмишу маърифати онҳо кумак карда, боис ба рафъи хастагиашон низ хоҳад шуд.
«Қарор шудааст, ки ҳар моҳ ҳайати шахсӣ камаш як бор ба театр рафта, намоишномаҳоро тамошо кунанд. Ин ба тамоми кормандони вазорат дар минтақаҳои кишвар дахл дорад», — афзуд ӯ.
Умарҷони Эмомалӣ гуфт, вазири корҳои дохилӣ баъди дидани намоишномаи «Чархи гардон» ба ҳунармандони театр изҳори сипос кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ